МАРКАЗЕ, КИ БО ЛОЙ ТАБОБАТ МЕКУНАД
Кӯлоб, 17 март. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар арафаи ҷашни байналмиллалии Наврӯз дар беморхонаи вилоятии №2 – и шаҳри Кӯлоб боз як маркази табобатии физиотерапевтӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар маркази мазкур, ки дар таҳхонаи бинои беморхона ҷойгир шудааст, мизоҷон имконият доранд аз асбобҳои барқӣ барои варзишу обутоб додани бадан, ҳамчунин, аз электрофарез, парафин ва лойи табобатӣ истифода намоянд. Бояд гуфт, ки дар маркази мазкур дар як навбат беш аз 35 нафар шаҳрвандон ба табобат фаро гирифта шуда аз хизматрасонии маркази мазкур баҳра мебардоранд. Ҳамчунин, самти дигари маркази физиотерапевтӣ ба табобати кӯдакони гирифтори бемориҳои гуногуни системаи асаб ва фалаҷ равона гардидааст. Дар назар аст, ки барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар беморхонаи мазкур тибқи нақша нуқтаҳои дигари тибобатӣ ба истифода дода мешаванд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






