МАСЛИҲАТҲОИ ҲУҚУҚӢ АЗ МАРКАЗИ РЕИНТЕГРАТСИОНӢ
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират бо кўмаки Агентӣ оид ба ҳамкорӣ ва рушди техникӣ (ACTED) Маркази реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолият менамояд, ки мақсад аз таъсиси он паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ оид ба мусоидат ба шуғли муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохили мамлакат, озодона интихоб намудани касбу ихтисос бо таъмин кардани ҳуқуқи шаҳрвандӣ ба меҳнат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кори онҳо дар ҳудуди кишвар мебошад. Маркази реинтегратсия дар амалӣ намудани маслиҳатҳои муфид ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирони меҳнатии бозгашта доир ба рушди иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи тайёрии касбӣ, маҳорат ва таҷрибаи корӣ, бозомўзии касбҳои замонавӣ, ки дар бозори меҳнат талабот доранд, шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ, пешниҳоди маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотонӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҶТ кўшиш ба харҷ медиҳад. Аз ҷониби мутасаддиёни Марказ ба муроҷиаткунандагон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуда, барои пайдо намудани кори муносиб маълумот пешниҳод мешавад. Бояд гуфт, ки чунин марказҳо рўзҳои наздик дар шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Хуҷанд таъсис дода мешаванд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ итиллоъ доданд.








Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд






