НАХУСТИН ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ҲАМКОРИИ ИА ВА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини Кумитаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар ин ҷаласа Иттиҳоди Аврупоро директори Хадамоти аврупоии ҳамкории хориҷӣ бо Россия, кишварҳои ҳамсояи Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва САҲА Гуннар Виганд ва ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Фақеров Ҳамидуллохон муаррифӣ намуданд. Дар ҷаласаи мазкур бори дигар тарафҳо ҷиҳати таҳкими робитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар як қатор соҳаҳо, махсусан дар заминаи Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки аз 1 январи соли 2010 мавриди амал қарор гирифт, ҳавасмандии худро изҳор намуданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки Кумитаи ҳамкорӣ метавонад ҷиҳати тафсири ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон имконияти хубро фароҳам оварад. Иштирокчиёни Кумитаи ҳамкорӣ масъалаҳои рушди макроиқтисодӣ, бо шумули сармоягузории давлатӣ ва хусусӣ, ҳамчунин, рушди бахшҳои воқеии иқтисод ва масоили савдоро муфассал муҳокима намуданд. Иттиҳоди Аврупо бори дигар дастгирии худро ҷиҳати воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо бо шартҳои тиҷоратии судманд ва мутобиқи қоидаҳои СУС баён дошт. Мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Стратегияи минтақавӣ барои солҳои 2011-2013, ки 62 млн. евроро ташкил медиҳад, асосан ба самтҳои ислоҳоти иҷтимоӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, дастгирии рушди бахши хусусӣ, махсусан дастгирӣ намудани бахши кишоварзӣ, ҳамчунин, таҳкими маъмурияти давлатӣ ва идоракунии давлатии молиявӣ нигаронида хоҳад шуд.