РАДИОВУ ТЕЛЕВИЗИОН-ТАРҒИБГАРИ ҲАДАФУ ОРМОНИ МИЛЛӢ
Тӯли 20 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо пешравии назаррас ба амал омада, рушди босуботи иқтисоди миллӣ тадриҷан таъмин шуда, соҳаҳои фарҳангу иҷтимоиёт ба таври густурда рушд мекунанд. Дар ин давра, дар баробари соҳаҳои мухталиф, дар соҳаи радио ва телевизион низ дастовардҳои назаррас ба амал омад, ки бевосита ба рушди минбаъдаи соҳа дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Аз ҷумла, чандин радиоҳои давлативу хусусӣ ва шабакаҳои телевизионӣ, ки метавон аз муҳимтарин дастовардҳои истиқлол унвон кард, таъсис шуданд. Роҷеъ ба бурду бохти ин соҳа ва дурнамои рушди он бо раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Раҳмонов А.Қ. сӯҳбат доштем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем. Мӯҳтарам Асадулло Қиматович, нигоҳи Шумо ба 20 соли Истиқлолият ҳамчун сиёсатмадори ҷавон чӣ гуна аст? Тоҷикистони воҳид, Тоҷикистони ягона, дунявӣ ва демократӣ имсол 20 — солагии саҳибистиқлолии худро ҷашн мегирад. 20 сол дар назди таърих муддати хеле кӯтоҳ аст. Миллатҳое ҳастанд, ки ҳазорсолаҳо барои истиқлолият талош доранд, вале бо сабабҳои гуногун дар масири солҳои тӯлонӣ наметавонанд истиқлолияти худро ба даст оранд. Ё дар бозиҳои геополитикӣ солҳои тӯлонӣ ба марзи маъмурии худ соҳиб намешаванд. Он дигаргуниҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайвастанд, фикр мекунам, ки аз нигоҳи ягон сиёсатмадор ё таърихнигор сарфи назар намешаванд ва ин бист соли мо бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд. Гарчанде дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ миллати мо бо бархурдҳои гуногуни геополитикӣ ва кашмакашҳои дохиливу берунӣ мувоҷеҳ буд, роҳбарияти давлат дар муддати хеле кӯтоҳ, дар байни ду-се сол, хомӯш кардани ҷанги дохилӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳамоишу ваҳдати сартосарии ин миллатро таъмин кард. Ин хизмате ҳаст, ки ҳазорсолаҳо дар ёди таърих ва дар умқи дили фарзандони боору номуси ин миллат мемонад. Корҳои ободонӣ ва созандагӣ аз соли 1997 ибтидо гирифтанд. Яъне, мо сулҳи комилро пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ба даст овардем. Тоҷикистон аз қашшоқтарин кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва имрӯз шукр мекунем, ки сатҳи зиндагии мардуми тоҷик нисбат ба чанд кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ боло рафтааст. Роҳбари давлати мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳам дар паёмҳои худ ба Парламент ва ҳам дар баромадҳои алоҳида се ҳадафи стратегии давлатро махсус таъкид мекунад. Аз ҷумла, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои аслии Ҳукумату давлати Тоҷикистон аст. Марҳила ба марҳила мо ба ин се ҳадафи гузоштаи Сарвари давлат расида истодаем. Истиқлолияти энергетикӣ бо бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург таъмин шуда истодааст. Агар соли 2009- ро бо соли 2010 муқоиса кунем, таъмини аҳолӣ дар фасли зимистон бо нерӯи барқ тафовути хеле калон дорад. Соли оянда, бо боварӣ гуфта метавонам, ки пас аз ба истифода додани «Сангтӯда-2» ва дигар нерӯгоҳҳои хурду бузург, ки дар ҳоли бунёд ҳастанд, чи дар бахшҳои тавлиди энергияи обӣ ва чи дар бахши тавлиди энергияи гармиву дигар мушкилӣ камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон ҳал мешавад. Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ рӯз то рӯз баромада истодааст. Агар чанд сол пеш танҳо як роҳи оҳан Тоҷикистонро бо дигар кишварҳо мепайваст, имрӯз, бубинед, пули Панҷи поён, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон ва дигар минтақаҳои Осиё мепайвандад, фаъол аст. Пулҳои дигаре, ки дар болои дарёи Панҷ бунёд шуда истодаанд, роҳи бузурги Кулма- Қароқурум ватани моро аз бунбасти коммуникатсионӣ мераҳонанд. Тоҷикистон дигар як кишвари транзитӣ аст, бо вуҷуди мушкилоти минтақавию геополитикӣ, бо вуҷуди бӯҳрони молиявӣ ва дигар мушкилоте, ки танҳо ба Тоҷикистон вобаста нест, Тоҷикистон дар баробари кишварҳои мутараққӣ қадамҳои устувор мегузорад. Боэътимод метавон гуфт, ки ҳамаи ин натиҷаи сиёсати дурандешона ва оқилонаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Мусаллам аст, тӯли ин 20 сол дар тамоми соҳаҳои мамлакат дигаргуниҳои куллӣ сурат гирифт, кадом навгониҳо ва дастовардҳо дар соҳаи радио ва телевизион дар ин давра ба вуқӯъ омад? Дар замоне, ки Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд, яъне то соҳибистиқлолӣ, ҳамагӣ як телевизион дошт ва шабакаҳои ОРТ, РТР ва дигар шабакаҳои русӣ пахш мегардид. Инчунин, як радио дар Тоҷикистон фаъолият мекард. Аксари барномаҳои телевизион ба забонҳои дигар пахш мешуд ва ҷобаҷогузории (сетка) барномаҳо тавре тарҳрезӣ шуда буд, ки бояд мо ҳатман барномаҳои иттилоотии шабакаҳои дигар кишварҳоро пахш мекардем. Баъди соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оҳиста-оҳиста соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ низ рушд кард. Агар дар солҳои 1997 -1999 то 2000-ум радиои «Садои Душанбе», телевизиони вилояти Суғд, телевизиони вилояти Хатлон, телевизиони шаҳри Кӯлоб, телевизиони ВМКБ таъсис ёфтанд, солҳои 2000-ум то 2005-умро давраи рушди телевизионҳои хусусӣ номидан мумкин аст. Яъне дар ин давра телевизион ва радиоҳои хусусӣ дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз карданд. Дар ин солҳо радиои «Садои Душанбе», шабакаи телевизионии Тоҷикистон ва радиои Тоҷикистон ва як барномаи бурунмарзии «Фурӯғи ориёно» фаъолият мекарданд. Аз ҷиҳати барномарезӣ ва банду басти барномаҳо мушкилот хеле зиёд буд. Имрӯз шумораи телевизион ва радиоҳои ғайридавлатӣ 29 адад аст. Марҳилаи дигаре, ки соҳаи радио ва телевизион рушду нумӯъ кард, аз соли 2000 то 2010 аст, ки давраи рушди телевизион ва умуман давраи рушди соҳаи фарҳангу иҷтимоиёт ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки дастгирӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин соҳа бештар гардид ва дар соли 2005 телевизиони «Сафина», соли 2006 телевизиони кӯдакону наврасон — «Баҳористон» ва соли 2009 телевизиони «Ҷаҳоннамо» бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз карданд. Ҳамчунин, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон бо таҷҳизоти навтар муҷаҳҳаз гардонида шуд. Агар дар соли 2005 телевизион ҳамагӣ 3 соат саҳару 5 соат бегоҳ барнома пахш мекард, вақти пахши барномаҳо якбора ба 18 соат расид. Дар ин давра радиои «Овози тоҷик», радиои «Фарҳанг», ки барои ҳамватанони бурунмарзии мо барномаҳо таҳия мекунанд, ба фаъолият оғоз карданд. Вилояти Суғд, ки як соат дар болои мавҷи шабакаи 1-ум барнома пахш мекард, аз ин мавҷ бароварда шуд ва дар мавҷи алоҳидаи худ 8 соат дар як шабонарӯз барнома пахш мекунад. Телевизиони вилояти Хатлон низ чунин таърих дошт, яъне аз рӯзи оғоз дар мавҷи 1-уми шабакаи телевизиони Тоҷикистон як соат барнома пахш мекард, дар рӯзи ҷашни Ваҳдати соли 2008 ин шабака низ аз рӯи мавҷ бароварда шуд. Дар фиристандаҳои алоҳида ҳудуди пахш ҳам зиёд шуд ва ҳаҷми барномаҳо аз як то ба ҳашт соат расонида шуд. Телевизиони шаҳри Кӯлоб низ бо дастгириии бевоситаи Президенти ҶТ бо бинои нав ва таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид. Соли 2010 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ корҳои хеле бузург анҷом дода шуданд. Дар баробари ҳамаи он иншооти ҷашнӣ телевизиони Бадахшон низ бо иштироки Сарвари давлат дар бинои нав ба фаъолият оғоз кард. Мавриди зикр аст, ки радио ва телевизион яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад, ки дар тарғиби сиёсати Ҳукумати ҶТ ва ба роҳ андохтани ҳадафҳову армонҳои миллӣ, ки аз ин сиёсат маншаъ мегиранд, нақши муассир доранд. Дар соли ҷорӣ ба истиқболи 20-солагии Истиқлолият ташкили ягон радио ва телевизион дар ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст? Соли ҷорӣ ба истиқболи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбастии сол Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи телевизион ва радио супориш дод, ки пахши садфоизаи барномаҳои шабакаҳои телевизиониро дар саросари мамлакат таъмин намояд. Яъне, дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон, ки бисёр релефи душвор доранд, кӯҳсоранду ҳудуди пахши на ҳама барномаҳои телевизион ва радио дар он ҷо дастрас аст, пахши барномаҳо бояд таъмин шавад. Гуфтанист, ки 3 телевизиони навтаъсис ба дастгирӣ ниёз доранд. Аз ин рӯ, роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии телерадиоком тасмим гирифтаанд, ки то ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди пахши барномаҳои телевизионҳои «Сафина», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо»-ро зиёд намуда, мавҷи шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ва шабакаҳои радиоиро дар минтақаҳои дурдаст таъмин намоянд. Бо ин мақсад, дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тавилдара ва Ҷиргатолу Тоҷикобод аз оғози сол, яъне аз моҳи январ то ба ин рӯз дар 8 ҷамоати ноҳияи Рашт, чор ҷамоати ноҳияи Нуробод ва чанд ҷамоати ноҳияи Ҷиргатол ва Тавилдара манораҳои телевизионӣ насб шуданд. Ба наздикӣ зиёда аз 40 адад фиристандаҳои радиоӣ ва телевизионӣ дастрас шуд. Аз оғози даҳаи аввали моҳи март насби фиристандаҳои радио-телевизионӣ дар ноҳияҳои зикршуда шурӯъ мешавад ва то ҷашни Наврӯз дар минтақаҳои дурдасти ноҳияи Рашт, аз ҷумла дараи Камароб, ҷамоатҳои Мискон, Шоҳиндара, Самсолиқи Нуробод ва ноҳияҳои Ҷиргатолу Тоҷикобод ин фиристандаҳо насб мешаванд. Дар мулоқот бо варзишгарони мамлакат, ки соли 2010 баргузор гардид, Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки ташкили як телевизиони варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати кор аст. Дар ин самт мо тамоми чораҳоро андешида истодаем. Бояд гуфт, ки ҳоло таъмири беруни бинои Хонаи Радио рафта истодааст, ки бояд то ҷашни 20-солагии Истиқлолият ба итмом расад. Аз ин рӯ, пас аз анҷоми он мо кӯшиш мекунем, ки барои таъсиси телевизиони варзишӣ ҷиддитар машғул шавем. Нақшаҳои минбаъдаи Шумо ҷиҳати рушди радио ва телевизион ва дар самти фарогирии пахши барномаҳо кадомҳоянд? Мо агар дар самти пахши барномаҳо пурра муваффақ шавем, фикр мекунам, дар соҳаи радио ва телевизион дар Тоҷикистон дигар мушкиле нахоҳад буд. Инро Сарвари давлат талаб мекунанд ва ин кор то охири соли 2011 бояд ба анҷом расад. Дар оянда нақша дорем, як телевизион таъсис диҳем, ки танҳо синамо намоиш диҳад ё телевизиони дигаре бошад, ки фақат мусиқӣ пахш кунад. Ҳар кас мехоҳад, телевизиони кӯдаконаи «Баҳористон»-ро тамошо кунад, мехоҳад, «Сафина»-ро тамошо кунад, метавонад тавассути «Ҷаҳоннамо» аз рӯйдодҳои олам бохабар бошад, метавонад тамоми рӯйдоду воқеаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоии мамлакатро аз шабакаи якум тамошо кунад. Нақшаҳо хеле бузурганд ва бовар дорам, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ин нақшаҳо амалӣ мешаванд ва дар оянда пахши рақамии барномаҳо, ки дар ин хусус Ҳукумати мамлакат барномаи махсус қабул кардааст, то соли 2015 таъмин мешавад. Месазад гуфт, ки Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда дар минтақа ба пахши барномаҳои рақамӣ оғоз кард. Зеро пахши рақамӣ сифати хубтар, дақиқияти баланду бартарии зиёд дорад. Дар 5 ё 10 соли оянда бояд дар тамоми дунё ба чунин пахш гузаранд . Соли ҷорӣ ният дорем дар вилояти Суғд чунин як фиристандаи пахши рақамиро насб кунем. Ҳамчунин, ҳудуди 2000 қабулкунандаи мавҷи рақамӣ ба ҷумҳурӣ ворид шуд, ки дар мавриди аввал хона-интернатҳо, хонаҳои маъюбон ва муассисаҳои марбут ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо ин мавҷгирҳои рақамӣ бояд таъмин гардиданд. 1000 донаи дигар ворид шуда истодааст, ки инро мо ба як қатор вазорату идораҳо низ барои ҷалби бештар ва тамошои сифати баланд дастрас мекунем. Тазаккур додан бамаврид аст, ки ҳадафи асосии роҳбарияти Ҳукумату давлат ва ҳамаи мо густариш ва вусъат додани тамоми соҳаҳо, бахусус радио ва телевизион мебошад, ки тарғибгари тамоми дастовардҳои давлату миллат аст. Мусаллам аст, ки сифати хуби барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ нияту орзуи ҳамешагии мост. Ташаккур барои суҳбат. Мусоҳиб Дилшодаи Хайруллоҳ