САДСОЛАИ БЕХАВФИИ КӮЛИ САРЕЗ
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти маркази иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, соли ҷорӣ ба пайдоиши кӯли Сарез 100 сол пур шуд. Ёдовар мешавем, ки шаби 18 ба 19 уми феврали соли 1911 дар Помир заминларзаи сахт ба амал омад, ки шиддатнокии он аз рӯи ҷадвали Рихтер ба 9 – 10 бал баробар буд. Дар натиҷаи заминларза қишлоқи Усой бо тамоми аҳолиаш зери хок монд. Кӯҳпораи лағжида дар як сония бо суръати 25 метр ҳаракат карда, дар сари роҳи худ маҷрои дарёи Мурғобро ба камару соҳили тарафи дигари дарё фурӯ рехт. Мувофиқи ҳисоби мутахассисон ҳаҷми хоку санги лағжида ба 2,2 млрд. метри мукааб баробар будааст. Дар натиҷа дар як муддати хеле кӯтоҳ дар ин ҷо сарбанд пайдо гашт, ки баландиаш аз 550 то 730 метр ва дарозиаш 5 км- ро ташкил додааст. Дар давоми 100 сол ҳаҷми оби кӯли Сарез 17 км кубӣ, чуқурии он 500 метр ва сатҳи болои он ба 86, 5 км. кубӣ расид. Сарфи назар аз далелҳои бешумор дар бораи кӯли Сарез ва устувории сарбанди Усой бадастомада баҳсҳо пиромуни ин кӯл зиёданд. Як зумра тадқиқотчиён бар он ақидаанд, ки сарбанди Усой қувваи бардошти зиёд дорад ва он дар натиҷаи баландшавии фишори сатҳи оби кӯл вобаста ба шуста бурдани сарбанди он хавфро ба вуҷуд оварда наметавонад. Дар даҳсолаи охир як қатор лоиҳаҳо баҳри омӯзиши кӯли Сарез мавриди истифода қарор гирифт. Ин лоиҳаҳо аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ, Ҳукумати Швейтсария, ПРООН ва ташкилоти ғайридавлатии Фокус маблағгузорӣ гардидаанд. Оби кӯл аз ҷиҳати экологӣ тозатарин оби ошомиданӣ дар ҷаҳон аст, ки 25 млн. аҳолиро ба таври доимӣ бо об таъмин карда метавонад.








Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд






