САЛИМЗОДА НАЗОРАТИ ПРОКУРОРИРО ПУРЗӮР МЕНАМОЯД

Март 11, 2011 16:14

   Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина 11 март дар  иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллӣ «Оид ба ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010» ҳисобот дод.   Зикр шуд, ки ҷиҳати тақвияти фаъолияти минбаъдаи  мақомоти прокуратура  беш аз ҳарвақта  пурзӯр намудани назорати прокурорӣ ва сари вақт эътирози воқеӣ намудан ба қонунпоймолкунии субъектҳои ҳуқуқӣ, санадҳои ғайриқонунӣ қабулкардаи роҳбарони мақомоти дахлдори давлатӣ ногузир мебошад. Зеро тӯли 10 соли охир дар кишвар зиёда аз 30 ҳазор гектар замини корами обӣ ғайриқонунӣ тақсим шуд. Дар робита ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллӣ афзуд, ки пурзӯр намудани назорати прокурорӣ, хусусан дар масъалаи истифодаи замин  амри воқеӣ аст. Бемасъулиятӣ ва саҳлангорӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматии баъзе  прокурорҳо сабаб шуд, ки шаҳрвандон бо мусоидати шахсони мансабдор ҳуҷҷатҳои ғайриқонуниро ба асос гирифта, бо харҷи маблағҳои оилавӣ бунёди манзилҳои ғайриқонуниро ба роҳ монанд, ки дар натиҷа тахрибсозии иншооти ғайриқонунии шаҳрвандон ба коҳишёбии нуфузу эътибори мақомоти давлатӣ оварда расонид. Ҳолати истифодаи замин дар маҳаллаи Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ мисоли барҷастаи ин гуфтаҳост.     Зикр шуд, ки Прокурори генералӣ дар ҳалли қазияи ҷойдошта, таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани тамоми шахсони мансабдори ба ин ҳолат мусоидат карда, ки боиси нигаронии ҷомеа гардидааст, бояд тадбирҳои таъхирнопазири қонунӣ андешад.          Инчунин,  Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи Прокурори генералиро ба тақвияти фаъолият дар самтҳои гуногуни иҷрои вазифаҳои хизматӣ нигаронида таъкид кард, ки бо назардошти он ки раванди тағйирёбии вазъ ва фазои сиёсӣ бо истифода аз ҷанбаъҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон   дар вазъияти  муташанниҷ қарор дорад, зарур мешуморам, ки Прокурори генералӣ ва прокурорҳои зертобеи он дар доираи салоҳиятҳои худ баҳри таъмини субот ва оромии кишвар назорати прокурориро аз болои иҷрои вазифаҳои хизматию таъинотии тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қудратию низомӣ, аз ҷумла кормандони прокуратура ва кулли сохторҳои давлатию институтҳои шаҳрвандӣ ва соҳибкорию хизматрасонӣ оид ба роҳандозии фаъолияташон дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ ба таври қатъӣ пурзӯр намоянд.

Март 11, 2011 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд