САНЪАТКОРОН ВОҚЕАН НАМУНАИ ИБРАТАНД?

Март 17, 2011 14:54

Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Ҳафтаи сипаригардида мутахассисони Кумитаи андоз фаъолияти соҳибкории санъаткоронро  мавриди таҳлилу омӯзиш қарор доданд. Маълум ки санъаткорон дар арафаи ҳар  иду ҷашн дар чорабиниҳои оммавӣ иштирок намуда, даромади муайян ба даст меоранд. Таҳлилҳо ва далелҳои ошкоршуда собит месозанд, ки аксарияти санъаткорон ӯҳдадориҳои андозии худро, ки қонунгузории андоз муқаррар кардааст, ба иҷро намерасонанд.     Бо назардошти он ки санъаткорон ҳамчун шахси воқеӣ фаъолият менамоянд, андозбандии онҳо тибқи муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12 соли 2009-ум  «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои андозбандии шахсони воқеие, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғуланд» ва дар доираи талаботи моддаи 137-и Кодекси андоз амалӣ мегардад.  Дар робита ба ин мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати назорати иҷрои қонунгузории андоз дар самти андозбандии санъаткорон дар толорҳои консертии пойтахт корҳои фаҳмондадиҳиву назоратӣ гузарониданд.       Дар натиҷа маълум  гардид, ки дар чорабиниҳои фарҳангие, ки тайи рӯзҳои охир дар кохҳои «Тоҷикистон» ва  «Ҷомӣ»-и шаҳри Душанбе доир гаштаанд, бештари  санъаткорон   бе қайди мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда,   патент ва ё шаҳодатнома надоштанд. Илова бар ин, баъзе ҳунармандон бо ҳар гуна баҳонаҷӯӣ- гӯё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории худро фаромӯш кардаанд ё  ки барои табрик кардану ба таври ройгон хондани якчанд суруд ба чорабинӣ омадаанд, натавонистанд   шаҳодатномаҳои худро пешниҳод намоянд.   Дар натиҷа нисбат ба ташкилкунандагони чорабиниҳои фарҳангии рӯзи 8-март Мансур Неъматуллоев ва Бахтиёр Раҳимов ҷиҳати ҷалб намудани санъаткорон, хусусан навозандагону раққосон бе шартномаи тарафайн, яъне барои нигоҳ надоштани андоз дар манбаи пардохт ба маблағи 1 ҳазору 750 сомонигӣ аз ҳар кадом ҷаримаи маъмурӣ татбиқ ва ба буҷети давлат ворид гардид.        Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи  мақомоти ҳудудии андози ҷумҳурӣ дар соли 2010 618 нафар санъаткор ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда,  аз ҳисоби ин соҳибкорон ба буҷет 731 ҳазору 128 сомонӣ маблағи андоз  ворид шуд, ки ин маблағ дар соли 2010 ба ҳисоби миёна ба як санъаткор 1 ҳазору 183 сомонӣ рост меояд. Ҳамзамон, дар соли 2009 дар ҷумҳурӣ шумораи санъаткорони бақайдгирифташуда 817 нафарро ташкил медод ва маблағи пардохти андозҳо дар ҳамин давра  471 ҳазору 307 сомониро дар бар мегирифт, ки ба ҳисоби миёна ба як санъаткор маблағи 577 сомонӣ рост меомад.  Аз нишондод бармеояд, ки дар соли 2010 нисбат ба соли 2009 шумораи санъаткорон 199 адад, яъне 24% коҳиш ёфта бошад ҳам, маблағи пардохти андозҳо 259 ҳазору 821 сомонӣ, яъне  55,1%  афзудааст. Вале ҳамин нуқтаро бояд таъкид сохт, ки вобаста ба талаботи рӯз ин нишондиҳандаҳо қаноатбахш нестанд.      Дар соли сипаригашта  барои бе ҳуҷҷати соҳибкорӣ ба фаъолияти санъаткорӣ машғул шудан нисбат  ба 74 нафар шахсони воқеӣ тибқи муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб 37 ҳазору 310 сомонӣ маблағ ба буҷет пардохт   шуд.           Гузаронидани  чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар пойтахти Тоҷикистон, албатта, барои баланд бардоштани завқи фарҳангии сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе мусоидат менамояд, вале  набояд фаромӯш сохт, ки ободии диёр, бақои давлату миллат, рушди соҳаҳои мухталифи  иҷтимоиёту иқтисодиёти мамлакат ба ғанӣ гардидани буҷети ҷумҳурӣ  вобастагии зич дорад. Аз ин лиҳоз ҳар  шахсе, ки  ба  шуғле машғул мебошад ва аз он фоида ба даст меорад, бояд маблағҳои муқарраргардидаи андозҳоро ба буҷети давлат супорад.             Иҷрои ӯҳдадориҳои андоз, ё худ пардохти  андозҳои муқарраршуда қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар мебошад. Дар моддаи 45-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад,    бинобар ин ҳар як андозсупорандаро зарур аст,  ки дар ин самт масъулиятшиносиро эҳсос намуда, дар ғанӣ гардидани буҷети мамлакат саҳмгузор бошад. Аммо  санъаткорон вобаста ба хусусияти фаъолияти хеш, ки доим дар мадди назари ҷомеа қарор доранд,  бояд дар ин ҷода воқеан намунаи ибрати дигарон  бошанд.

Март 17, 2011 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст