ШАҲРДОРӢ 4 МИЛЛИОН СОМОНӢ ҚАРЗ ҶУДО КАРД
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — 4 миллион сомонӣ қарзи бефоиз ҷиҳати хариди 6 номгӯй маҳсулоти ниёзи аввал -гӯшт, картошка, пиёз, орд, равғани растанӣ, биринҷ ба КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» ҷудо гардид. Дар робита ба ин Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори махсус ба тасвиб расонид. Қарзи бефоиз аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ҷудо гардида, дар мӯҳлати 9 моҳ, яъне то 1 декабри соли 2011 пардохт мегардад. Ин тадбир бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолгарон андешида шудааст, гуфт котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов. Муқаррар шуд, ки маблағҳои чиниши яквақта ва кору хизматрасониҳоро, ки ба суратҳисоби ҷории бозорҳо ворид мегарданд, роҳбарияти бозорҳои коммуналӣ ба хариди дигар намудҳои маҳсулоти ниёзи аввали мардум, аз қабили сабзӣ, карам, гандум, помидору бодиринг, шир, тухм ва маҳсулоти полезӣ сарф намоянд. Бо ин мақсад шартномаҳои пешакиро барои харидани маҳсулоти кишоварзӣ бо хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва дигар сохторҳои кишоварзӣ бо назардошти то 20% пешпардохти маблағҳо ба имзо расонанд ва ҷиҳати ташкили хоҷагиҳои ёрирасон барои гирифтани қитъаи замин аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ андешанд.








Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






