ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ МАТБУОТ-ЁДЕ АЗ «БУХОРОИ ШАРИФ»

Март 11, 2011 16:46

Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз бо ташаббуси  Вазорати фарҳанги ҶТ дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҷамъомади тантанавӣ  бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик  баргузор гардид. Дар оғози барнома намоиши   рӯзномаву маҷалла ва китобҳо доир гардида, сипас ба пешқадамон, фаъолони соҳа, мутахассисони варзида, собиқадорони матбуот унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоти пулӣ супорида шуд. Инчунин, аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба фаъолони соҳа нишони Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва мукофоти дигар тақдим гардид. Дар чорабинии идона артистони  Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ намуданд. Мавриди зикр аст, ки ҳар сол чун анъана 11 март –рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷик «Бухорои шариф» чун рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Чун ба таърихи гузаштаи матбуот бо назари ибрат менигарем, ба хубӣ дарк мекунем, ки барои таъсиси аввалин рӯзномаҳо равшанфикрони миллат, ба мисли устод Айнӣ ва пайравони ӯ масоили муҳимтарини давру замон – мактабу маориф, тарғиби илму маърифат, худшиносию худогоҳӣ, забономӯзӣ, донистани таъриху фарҳанги миллӣ, дӯстию рафоқат, ободии кишвар ва созандагию бунёдкории мардумро ҷолибу нишонрас ба қалам додаанд. Нусхаҳои нахустин рӯзномаҳои миллат — «Бухорои шариф», «Овози тоҷик», «Шӯълаи инқилоб», ки дар бойгониҳои мамлакат маҳфузанд, порае аз зиндагиномаи халқи тоҷик мебошанд. Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Тоҷикистон 268 рӯзнома, 136 маҷаллаи давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ва 8 агентии иттилоотӣ фаъолият доранд, ки онҳо бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ, форсӣ, қирғизӣ ва шуғнонӣ ба табъ мерасанд. Дар давоми соли 2010  34 рӯзнома ва 23 маҷалла ба тозагӣ номнавис шуданд. Имрӯз дар назди аҳли матбуот ва умуман мардум мавзӯъҳое ба миён гузошта шудаанд, ки ҳалли онҳо барои пешрафти хоҷагии халқи мамлакат, камолоти маънавии инсони замони навин ва афзудани иқтидори давлат хеле  заруранд. Боиси қаноатмандист, ки матбуоти кунунӣ, қабл аз ҳама рӯзномаҳои хусусӣ тавассути мақолаҳои танқидӣ, муҳокимарониҳои боҷуръатона дар ошкор намудани нуқсонҳои ҷомеа хизмати зиёд менамоянд. Дар ҷамъомад қайд  шуд, ки вобаста ба пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ ва рушди бемайлони воситаҳои техникии иттилоот вазифаи ҳар як рӯзноманигор аз он иборат аст, ки бояд бо донишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ мусаллаҳ бошад ва он гоҳ ба қавли суханвари мумтоз Ҳабиб Юсуфӣ бо қалами “буррандатар зи теғ”-и худ ба майдони матбуот ворид шавад. Ва тавонад ҳар як  далелро аз нуқтаи назари таҳлили амиқ, воқеъбинона, равшану шаффоф, дар заминаи ҳадафҳои рушди тафаккури солим, дар қолаби хабару мақолаҳо, гузоришу мусоҳиба ва очеркҳо ғунҷоиш диҳад, на балки бо муҳокимарониҳои ҳангомаҷӯёна, ғаразнок, суханони берабту маъниҳои аз ҳам гусаста, далелҳои бебунёд ва шикастани қолабҳои забони ноби тоҷикӣ, ки ин раванд мутаассифона, дар саҳифаҳои рӯзномаҳои муосир ба мушоҳида мерасад, ба иззати нафси мардум расад.

Март 11, 2011 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд