ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ ДАР СУҒД

Март 10, 2011 08:41

Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 9 март дар боғи фарҳангу истироҳатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид, ки дар он беш аз 150 нафар рӯзноманигорону адибон аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят  иштирок намуданд. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ нақши матбуотро  дар рӯзгори мардум ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, худшиносии комил, ҷаҳонбинӣ ва завқи мардум, пойдории адолату воқеият маънидод намуд. Мавриди зикр аст, ки аҳли қалами вилоят дар ҳифзи сохти конститутсионӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва якпорчагии мамлакат бо мавқеи пойдор ва сухани созанда саҳм гирифтанд. Инъикоси воқеъбинонаи ҷараёни Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз хизматҳои шоёни аҳли матбуоти вилоят аст.     Месазад гуфт, ки теъдоди рӯзномаву маҷаллаҳо дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон ба маротиб афзуда, озодии баён дар заминаи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи марбут ба соҳа, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр» таъмин гардидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва воситаҳои ахбори омма» дар таҳрири нав ҳоло мавриди баррасии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.  Бунёд гардидани Кохи мӯҳташами матбуот дар маркази вилоят намунаи барҷастаи дастгирии воситаҳои ахбори омма аз тарафи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб мегардад ва ин иншооти бошукӯҳ дар арафаи иди бузурги миллӣ — 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори даҳҳо иншооти муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. «Чанд сол муқаддам дар мулоқот бо кормандони матбуот дар қатори дигар масъалаҳо ба ду масъалаи ҷиддии марбут ба соҳа – тарбияи кадрҳои журналистӣ ва забони матбуот ва расонаҳои иттилоотӣ таваҷҷӯҳ намуда будам. Мутаассифона, то ба ҳол дар ин самт аз тарафи мутасаддиён амали шоиста ва ибратбахш амалӣ нагардидаву камбудиву норасоиҳо ҷой доранд. Анъанаи неки мактаби устоду шогирдӣ ба фаромӯшӣ расидааст. Дар ин масъала бояд масъулини шӯъбаҳои дахлдор, бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тадбирҳои мушаххас андешанд», — тазаккур дод раиси вилоят. Бояд гуфт, ки воситаҳои ахбори омма ба рушд ва инкишофи забони адабии тоҷикӣ таъсири амиқ мерасонанд. Дар маводи воситаҳои ахбори омма бояд меъёри забони адабии тоҷикӣ қатъӣ риоя гардад, аммо дар баъзе рӯзномаҳо ин меъёр риоя намегардад, дар саҳифаҳои рӯзномаҳо нуқсонҳои зиёди имлоӣ, мантиқӣ ва услубӣ   ба чашм мерасанд. Ин амал беэҳтиромӣ ба забону ба миллат, ба халқу давлат аст.         Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилоят ба идораҳои рӯзномаи  «Шӯҳрати Ашт» ва телевизиони вилояти Суғд як ададӣ компютер бо принтер, тӯҳфаву сипосномаҳои раиси вилоятро ба  рӯзноманигорон — Солеҳи Зарифзод — муовини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд», Вяхирев Владимир Александрович — муовини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда, Камолиддинов Луқмониддин – сармуҳаррири нашрияи «Саломат бошед» ва Сайфулло  Маҳкамов – сармуҳаррири нашрияи «Корвони умед», инчунин Ҷоизаи вилоятии журналистон ба номи Ҳоҷӣ Содиқро ба Субҳиддин Сайфиддинов – котиби масъули рӯзномаи «Насими Исфара» ва Ӯрунбой Усмонов – рӯзноманигори озод, намояндаи радиои «Би-би-си» дар вилоят  супорид.    

Март 10, 2011 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад