ТАВАҶҶӮҲИ ДИПЛОМАТИ САУДӢ
Душанбе, 10 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тавсеаи равобити мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ 10 март дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири фавқулодда ва мухтори Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бандар Муҳаммад Ҷамил Аҳмад Маҳмуд баррасӣ гардид. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки мусоҳибон муҳимтарин масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, хусусан тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, туризм, илму маориф, энергетика ва коммуникатсияро баррасӣ намуданд. Шукурҷон Зуҳуров ифтитоҳи сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанберо қадами устувор дар тавсеаи муносибатҳои ҳар ду кишвар арзёбӣ намуда гуфт, ки тоҷикону арабҳоро арзишҳо ва умумияти динӣ бо ҳам мепайванданд, ки ин умумиятҳои муштарак дар тақвияти муносибатҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ омили муҳим ба шумор мераванд. Ҳамзамон, мусоҳибон дар масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ибрози назар намуданд. Онҳо барқарории равобит дар ин заминаро омили асосии эҷоди фазои солими ҳуқуқӣ дар ҳар ду кишвар ва тавсеаи ҳамкориҳои судманди Душанбею Ар-Риёз арзёбӣ карданд. Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудиро дар бахшҳои туризм, муҳоҷират, илму маориф, сармоягузорӣ ва афзоиши ҳузури ширкатҳои хусусиву давлатии Арабистони Саудӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонро таъкид карданд. Дипломати саудӣ омодагии кишвари худро ҷиҳати тақвияти равобит бо Тоҷикистон таъкид намуда гуфт, ки зимни фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон аз тамоми имконот истифода менамояд то ҳамкориҳои ҳар ду кишвар ба сатҳи баланд бароварда шаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад






