ТАВАҶҶӮҲИ ХОСАИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА СОҲАИ МАОРИФ
Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дар деҳаи Ҷавонии ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ мактаби замонавӣ иборат аз 8 синфхона ба истифода дода шуд. Сохтмони мактаби мазкур аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Аъзам-2»-и ноҳияи Мастчоҳ бо сарфи 1 млн. 319 ҳазор сомонӣ барои 240 хонанда дар як баст анҷом ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 24 март дар маросими баистифодадиҳии ин мактаб иштирок карда, аз синфхонаҳо дидан намуд ва ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, хонандагонро ба хондани хубу аъло ҳидоят намуд. Бояд гуфт, ки муҳассилини ин деҳа қаблан дар мактабе, ки дар замони Шӯравӣ бунёд ёфта, ҳамагӣ дорои 4 синфхона буд, то синфи 8 таҳсил намуда, минбаъд таҳсилро дар маркази ноҳия, ки аз деҳа 3 километр дур буд, давом медоданд. Мавриди тазаккур аст, ки дар шафати мактаби нав майдонча ва толори бузурги варзишии дорои тамоми лавозимоти варзишӣ низ мавриди истифода қарор гирифт. Мактаб дорои синфхонаи компютерӣ ва кабинетҳои фаннӣ буда, 240 нафар хонанда дар он таҳсил менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад






