ВАЗЪИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ДАР СУҒД

Март 4, 2011 09:55

Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар моҳи феврали соли равон аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд 12 ҳазору 104 нафар шаҳрванд бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Аз ҷумла, 10 ҳазору 384 нафар ба воситаи тайёра, 1 ҳазору 423 нафар бо қатора ва 297 нафар бо нақлиёти автомобилӣ сафар карданд. Аз ин теъдод 98 фоизи сафаркардагон ба Федератсияи Русия ва 1 фоизӣ ба давлатҳои Қазоқистону Украина рафтанд. Ҳамчунин, дар ин моҳ 5 ҳазору 900 нафар аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд. Мавриди зикр аст, ки Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд феълан бо 7 субъекти хоҷагидор — ҶДММ «Нақлиёт», «Муҳоҷир», «Олами саёҳат», «Замони Юнус», «Суғдиён — Помиртур»-и шаҳри Хуҷанд, Маркази имкониятҳои иқтисодии шаҳри Истаравшан ва ҶДММ «Умури меҳнати ихтиёрии ҷавонон» ҳамкорӣ дорад. Ёдовар мешавем, ки фаъолияти фаврию хизматии Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд бо ҳадафи ташкили низоми ягонаи идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил гардидааст.

Март 4, 2011 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад