ҲАФТАИ КИТОБ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии китоби Насим Раҷаб «Ҳикояҳо дар бораи адибон» бо иштироки муаллиф баргузор гардид. Китоби мазкур навидест ба насли наврас. Нависандаи хушкалом бо сабку услуби хоса хонандаро бо дунёи рангини аҳли қалам ошно менамояд. Насим Раҷаб муаллифи «Рӯзномае, ки бояд навишта мешуд», «Вақте ки театр мегирифт», «Хонае, ки сӯяш мешитобам», «Тиллои зери дарахт» ва асарҳои мунтахаб дар ду ҷилд мебошад. Муаллиф дар китоби «Ҳикояҳо дар бораи адибон», ба қавли бузургмарде суханро бо сухане зам намуда, хотираҳои рангинеро, ки давоми 50 соли фаъолият дар рӯзномаи «Анбоз» дар хаёлаш нақш бастаанд, ба хонандагон пешкаш намудааст. Ҳамчунин, худи ҳамин рӯз дар Гимназияи №1-и шаҳри Душанбе бахшида ба иди китоб дар мавзӯи «Наврӯзи Тоҷикистон» композитсияи адабӣ-мусиқӣ баргузор шуд. Иштирокдорони он дар васфи Наврӯз шеърҳо қироат намуданд ва сипас саволу ҷавоб дар мавзӯи Наврӯз байни хонандагон ва адибон баргузор гардид. Ҳамчунин таҳти унвони «Китобҳои тозанашр» намоиши китобҳо доир гардид. Чорабинии фарҳангии дигар дар қасри фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ гузашт. Бахшида ба 75-солагии шоир Алӣ Бобоҷон маҳфили адабӣ-бадеӣ дар мавзӯи «Шоири равшанзамир» бо иштироки адибону ҳамқаламони шоир баргузор гардид. Дар доираи маҳфил қироати шеърҳо аз эҷодиёти шоир ва саволу ҷавоб аз ҳаёт ва эҷодиёти Алӣ Бобоҷон сурат гирифта сипас намоиши «Фархунда бод иди китоб» доир гардид. Бо ташаббуси кормандони китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод маҳфили адабӣ таҳти унвони «Гарам шоир намезодӣ» бахшида ба 70- солагии шоир Лоиқ Шералӣ бо иштироки адибон баргузор гардид. Нахуст аз эҷодиёти шоир шеърҳо қироат шуда, сипас саволу ҷавоб дар мавзӯи «Китоб – оинаи фазлу камол» доир гардид. Ёдовар мешавем, ки маҳфилу чорабиниҳои мазкур дар доираи барномаҳои фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» гузаронида шуда, мақсади асосии баргузории чорабиниҳо кӯмак расонидан ба тарбияи ҳуқуқию маънавӣ, ахлоқӣ, ватандӯстӣ, ташаккул додани ҷаҳонбинии илмӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, фарҳангӣ ва касбии насли наврас мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






