БАРРАСИИ МАСОИЛ ОИД БА 20-СОЛАГИИ ИДМ
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дар мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев масоили вобаста ба муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои узви ИДМ, инчунин масъалаҳои дигари марбут ба иҷрои нақша- чорабиниҳои вобаста ба таҷлили сазовори 20- солагии таъсисёбии ИДМ, ки ба давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори ИДМ рост меоянд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Оқил Оқилов омадагию ҳавасмандии Тоҷикистонро баҳри вусъати ҳамгироиҳои ҳамаҷониба дар доираи ИДМ, бахусус дар бахшҳои иқтисоду энергетика, сармоягузорӣ, маорифу фарҳанг, иттилоот ва илму техника изҳор дошта таъкид кард, ки Тоҷикистон ӯҳдадориҳои хешро дар соли раёсати худ дар ИДМ дар сатҳи баланд ба иҷро хоҳад расонид.
Сергей Лебедев иҷрои ӯҳдадориҳои Консепсияи ИДМ — ро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд арзёбӣ карда бо итминони комил таъкид дошт, ки чорабиниҳои пешбинишудаи ИДМ дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ва сазовор баргузор хоҳанд шуд. Дар мулоқот дигар масоили мавриди тавваҷӯҳи ҷонибҳо қарор дошта низ баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






