ГУСЕЛИ ГУРӮҲИ АВВАЛИНИ НАВАСКАРОН
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 5 апрел дар комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд гурӯҳи аввалини 25-нафараи ҷавононро, ки ихтиёран ба хизмати аскарӣ номнавис шудаанд, ба таври мутантан ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карданд. Дар ҷамъомад, ки бо иштироки наваскарон, волидайни онҳо, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳайати шахсии комиссариати ҳарбии шаҳр, ҳамчунин, хонандагони синфи 11-уми макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳимҷон Иброҳимов таъкид кард, ки дар қиёси солҳои аввали Истиқлолияти ҷумҳурӣ, ки саросари мамлакатро нобасомониҳо фаро гирифтаву ҷангҳои дохилӣ ба дилу вуҷуди ҳар сокини кишвар асар мекард ва хавфи зиёди халалдории марзу буми кишвари мо ва парокандагии халқу миллати куҳанбунёд ба вуҷуд омада буд, хизмати ҳарбӣ барои ҳар ҷавони либоси аскарӣ ба бар карда ҷонкоҳона буд ва на ҳар кас аскар шуданро ҳавас мекард, имрӯз хизмати аскарӣ асолати худро ҳамчун адои қарзи фарзандӣ дар назди Ватан боз соҳиб шуд. Мо ба сулҳи комил расидем. Сиёсати пешгирифтаи сарвари оқилу хирадмандамон Эмомалӣ Раҳмон, қаҳрамониҳои фарзандони бовафои Ватан ва тамкину заковати халқу миллати тоҷик буд, ки пояҳои қасри мӯҳташами Истиқлол устувор гардиданд. Акнун ягон қуввае нест, ки моро аз роҳи интихобкардаи худ – эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ ва ягона берун кунад. Аз маркази матбуоти маъмурияти Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи нақшаи пешбинишуда дар даъвати баҳории имсола 155 нафар ҷавонони хуҷандӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






