М. НЕЪМАТОВ: «АЗ КАРДАИ ХУДӢ МЕҲРИ БЕГОНА МЕПАРАД»

Апрель 20, 2011 10:54

Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ба муносибати Паёми навбатии Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ роҷеъ ба иҷрои нуктаҳои Паёми соли гузашта, инчунин дастовардҳои тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ дар даврони Истиқлолият интишори мусоҳиба ё маводи таҳлилиро ба роҳ мондааст. Мусоҳибаи навбатии хабарнигори АМИТ «Ховар»-ро бо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов пешкаши хонандагон мегардонем.     Бардошти Шумо аз Паёми соли гузаштаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон? Дар асоси талаботи қонунгузорӣ ҳамасола Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида мешавад ва дар он тамоми бахшҳо ва масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Паёми соли гузаштаи роҳбари давлат низ яке аз он паёмҳое буд, ки аслан нақшаи фаъолияти кори тамоми вазорату идора ва умуман   ҷомеаи моро барои солҳои  минбаъда  муайян намуд. Дар ин Паём аслан боз ба ҳамон се масъалаи стратегии давлати мо: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани  истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат ишора шуд.          Ҳамзамон, дар Паём бештар таваҷҷӯҳ  барои рушди бахшҳои иҷтимоии ҷомеа, алалхусус рушди маориф равона гардида буд. Ман фикр мекунам тӯли сол вазорату идораҳои дахлдор дар ин самт корҳои зиёдро анҷом доданд. Дар ин Паём ба хотири он, ки имрӯз пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бар дӯши Кумита вогузор гардидааст,  чанд нукта таъкид гардид.  Аз  Паём то Паём тавонистем ҳам барномаи ҷавонони Тоҷикистон, ҳам барномаи ватанпарастии ҷавонон ва ҳам барномаи рушди ҷавонони Тоҷикистонро барои давраҳои навбатӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат тасдиқ кунем.    Садҳо чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ, чорабиниҳои фарҳангию илмию техникӣ ва ҳамзамон солимгардонии варзишӣ пешбинӣ гардиданд ва ҳадафи аслӣ аз амалӣ гардонидани ин барномаҳо  он аст, ки насли ҷавони имрӯзро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллии онҳо тарбия намоем. Дар саросари мамлакат чорабиниҳои  зиёд доир кардем ва тӯли соли гузашта  дар рӯзҳои ҷашнгирии Ваҳдати миллӣ дар ВМКБ чанд иншоот ба хотири пешрафти сиёсати давлатии ҷавонон,  аз қабили маркази ҷавонони шаҳри Хоруғ сохта ба истифода дода шуд. Сокинони вилоят метавонанд аз  он   баҳрабардор шаванд.    Дар ноҳияи Роштқалъа як варзишгоҳи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Ва баъдан таъмири варзишгоҳи шахри Хоруғ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд, ки имрӯзҳо бисёр чорабиниҳои минтақавӣ ё ҷумҳуриявӣ дар он ҷо баргузор карда мешаванд.  Давраи аз Паём то Паём барои  варзишгарони мо хеле  бобарор буд. Варзишгарони мо тавонистанд беш аз 300 медал ба даст оранд, ки 70- тои  он медали тилло мебошад. Яъне, 70 маротиба суруди миллии мо дар  кишварҳои гуногун садо додааст ва ба ифтихори ин    соли гузашта мо тавонистем дар бозиҳои Осиёӣ иштирок кунем  ва дар он  4 медал ба даст овардем, ки ин натиҷаи хеле баланди варзишӣ буд. Аз аввалин бозиҳои Олимпии наврасон, ки бори аввал дар кишвари Сингапур баргузор гардид, мо тавонистем ду медал ба даст биёрем, яъне як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст овардем ва хушбахтона, ин ду медал тавонист Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қатори 70 кишвари соҳибмедал ворид кунад. Баъдан чорабинии муҳими  аз Паём то Паём ин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо варзишгарони кишвар буд, ки дар он тамоми мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамзамон аъзои Ҳукумати мамлакат,  раисони вилояту шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд.  Дар он тамоми масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи варзиш ва умуман рушди тарбияи ҷисмонӣ масъалагузорӣ гардид. Баъд аз мулоқоти Президент  нақшаи чорабиниҳо иборат  аз 51 банд қабул гардид.   Дар ин Паём кадом нуктаи муҳим зикр гардид, ки ба манфиати соҳа ва рушди минбаъдаи он мусоидат намуд? Фикр мекунам он нақшаю чорабиниҳо ва дастуру супоришҳое, ки Сарвари давлат дар мулоқот таъкид намуданд, пойдевори хеле мустаҳками рушди соҳаи варзиш аст ва аллакай мо дар муддати се моҳи нимсолаи аввали соли 2011 эҳсос карда истодаем, ки аллакай дар аксари шаҳру ноҳияҳои мамлакат ё иншооти варзишӣ аз таъмир баромаданд ё ба сохтмонҳои нав хишти аввал гузошта истодаанд ва нақшаҳо кашида шуд.   Дар бахши туризм аз Паём то Паём ба натиҷаҳои назаррас соҳиб гардидем. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони азиз ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи  туристӣ дар доираи ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта шуд. Дар ин давра аз Тоҷикистон Котиби генералии ташкилоти  ҷаҳонии туристӣ дидан намуд ва Тоҷикистонро Швейтсарияи Осиёи марказӣ ё кишвари биҳиштии кашфношуда номид, ки ин баҳои як нафар шахсияти воломақоми сохаи туризми ҷаҳонӣ ба кишвари мо аст.  Ӯ  изҳор кард, ки мо омодаем меморандуми ҳамкорӣ байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Созмони ҷаҳонии туристӣ ба имзо расонем ва хушбахтона, ин нақша амалӣ шуд ва мо  моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Мадриди кишвари Испания дар қароргоҳи Созмони ҷаҳонии туристӣ як шартнома бастем, ки дар асоси  ин шартнома Созмони ҷаҳонии туристӣ барои ташвиқу тарғиби захираҳои туристии Тоҷикистон ба мо мусоидат ва барои омода сохтани кадрҳо ба мо кӯмак мекунад.    Соли гузашта аз  кишварамон  шаш гурӯҳи рӯзноманигорони кишварҳои Аврупоиву Осиёгӣ дидан карданд ва  бо иншои садҳо мақолаҳо дар бораи имкониятҳо ва захираҳои туристии мо ба ҷаҳони муосир хабар доданд ва ҳамзамон мо аз сари нав харитаи туристии Тоҷикистонро   ба забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба шакли нав барои   сайёҳон таҳия ва чоп кардем ва имрӯз тариқи иштирок дар намоишгоҳҳои байналмиллалии туристӣ ва ҳамзамон тариқи намояндагии дипломатии мо дар кишварҳои хориҷӣ  ин маводро паҳн карда истодаем.  Яъне, имрӯз Тоҷикистони азиз зарурат ба муаррифӣ дорад ва ба ин кор ҳам варзишгар, ҳам фарҳангӣ, ҳам намояндагони  шабакаҳои телевизиониву радиоии мамлакат, ҳам хабарнигорони маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ метавонанд мусоидат кунанд. Чунки сайёҳи хориҷиро як хабари нохуш метавонад аз нияти омадан ба кишвари мо боздорад ва тамоми  нақшаҳои ӯро дигар кунад, зеро сайёҳи имрӯза хеле доно буда,  тариқи васоити ахбор ва интернет метавонад ҳар лаҳза аз боду ҳаво сар карда то имконияту шароит, нарх, савдо, хизматрасонӣ, ҷойҳои диданӣ  маълумот бигирад. Барои ҳамин ҳам мо имрӯз талош дорем дар баробари содда кардани тартиби қонунгузориамон инфрасохтори туристиамонро  оҳиста- оҳиста мукаммал намоем. Дар баробари ин на танҳо мутахассисон, балки миллат барои рушди соҳаи туристӣ бояд тайёр бошад. Чунки кишварҳои ҳамсояи мо аз мо дида имконияташон бештар аст. Дар ҷаҳони муосир имрӯз барои имиҷи кишварро баланд кардан талоши ҳамарӯза даркор аст ва ин аз ҳар нафар сокини ин  сарзамин  вобастагии зиёд дорад.  Вагарна чӣ тавре мегӯянд: «аз кардаи худӣ меҳри бегона мепарад». Ин чизҳо ба туризм бисёр алоқаманданд, чунки ин фарҳанг аст, одоб аст, меҳмоннавозӣ, хизматрасонӣ аст, баъдан инфрасохтор аст ва чанд мушкилот ҳастанд, ки онҳо ба ҳам пайванданд. Ва нозукии соҳаи туризм ҳам дар он аст, ки он бо тамоми соҳаҳои дигар омехта аст. Яъне, вақте сайёҳон  меоянд, аввал ба сафорати мо муроҷиат мекунанд, ин тарафи кор аз дипломатҳои мо вобастагии зиёд дорад, ки ба онҳо чӣ маълумот медиҳанд, чӣ гуна раҳнамоӣ мекунанд, вақте сайёҳон дар тайёраҳои мо парвоз мекунанд, сайёҳати минбаъдаи онҳо аз ҳамон хизматрасонии дохили тайёра  вобаста аст. Ё вақте дар фурудгоҳ пешвозашон мегиранд, аллакай аз ҳамин  ҷо муносибат муайян мешавад.     Тӯли 20 сол ба кадом дастовардҳо ноил гаштем, ки       нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ боло бурд?   Мо шукр мекунем, ки дар даврони истиқлолият зиндагӣ дорем.  Барои ҳамин ҳам насли ҷавони имрӯза масъул аст  дарк кунад, ки  ҳар кореро имрӯз мекунад, чизеро бунёд месозад, барои фардои ҳамин миллату ҳамин давлат аст.   Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар солҳои аввали роҳбариаш сиёсати хориҷии Тоҷикистонро дуруст ба роҳ монд ва маҳз ҳамин сиёсати дарҳои кушод буд, ки имрӯз Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мешавад.   Ана ҳамин сиёсат ва роҳи дурусти пешгирифта моро ба қуллаҳои мурод мерасонад.     Ҳамин аст, ки сарвари давлат ҷавононро ояндасоз ва қувваи бузурги пешбари давлати мо эълон намудаву ба онҳо боварии комил дорад.  

Апрель 20, 2011 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад