МАНЪИ САЙДИ МОҲӢ ДАР ОБАНБОРҲОИ СУҒД
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо қарори махсуси раиси вилояти Суғд аз 4 апрели соли 2011 сайди моҳӣ дар обанборҳои қаламрави вилоят манъ гардид. Аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин тадбир баҳри муҳофизат ва нигаҳдории захираҳои моҳии обанборҳои вилоят, муборизаи самарабахш бар зидди моҳидорӣ дар давраи тухмгузории моҳӣ аз санаи 5 апрел то 20 июни соли равон дар амал татбиқ мешавад. Ҳайати ситоди вилоятӣ ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои ҳифзи моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2011 тасдиқ шуд. Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Идораи шабакаҳои барқии вилоят ва Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби вилоят вазифадор шуданд, ки ҷиҳати риояи коркарди сатҳи оби обанбори Қайроққум ва Сирдарё дар давраи тухмгузории моҳӣ назорати давлатӣ баранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






