МУРОҶИАТНОМАИ ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК» БА МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН

Апрель 7, 2011 17:30

Ҳамватанони гиромӣ, Ширкати саҳомии холдинги кушодаи «БАРҚИ ТОҶИК» аз вазъи ногувори барқтаъминкунии аҳолӣ изҳори таассуф намуда, ба иттилои мардуми шарифи кишвар мерасонад, ки сабаби асосии норасоии нерӯи барқ паст шудани ҳарорати ҳаво дар моҳҳои марту апрел, кам гаштани ҳаҷми оби дарёи Вахш ва ба ҳадди бӯҳронӣ поён омадани сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи Норак аст. То ба ин ҳад номусоид омадани обу ҳаво дар фасли баҳор ва боло нарафтани ҳарорат аз солҳои 30 асри гузашта бори нахуст ба назар мерасад. Дар воқеъ то ҳадди ғайричашмдошт кам шудани ҳаҷми оби дарёи Вахш дар фасли баҳор боиси ба ҳадди бӯҳронӣ поён омадани сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи Норак гаштааст. Сабаби дигари чунин ҳолати ногувор хеле кам боридани барф  дар фасли зимистони гузашта буд. Бояд таъкид дошт, ки барф сарчашмаи асосии оби Тоҷикистон аст ва мутаассифона ҳаҷми захираи он, тибқи мушоҳидаи мутахассисон, имсол нисбат ба соли гузашта 30-40% кам аст. Бо вуҷуди ин, набояд фаромуш кард, ки мардуми Тоҷикистон дар фасли зимистони гузашта нисбат ба солҳои пешин бо нерӯи барқ хеле бештар таъмин буд ва ҳоло ҳам баробари аз 25-30 дараҷа боло рафтани гармии ҳаво вазъи барқтаъминкунии аҳолӣ беҳ мегардад. Вале бобати ҳарорати ҳаво набояд аз рӯи обу ҳавои шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ё Суғд баҳо дод. Дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт, ки мавзеи асосии тавлидоти оби дарёи Вахш аст, то ноҳияи Ванҷ ва пиряхи Федченко ҳарорати ҳаво пурра фарқ мекунад. Барои мисол, рӯзи 6 апрел дар Душанбе ҳарорати ҳаво 23 дараҷа гарм буд, вале дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт, ҳарорат рӯзона +8+10 ва шабона 0-1 дараҷаро ташкил медод. Овозаҳои бардурӯғи иғвоангези дар миёни мардум паҳншаванда, ки гӯё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин ҳолат ба хориҷи кишвар нерӯи барқ мефурӯшад, беасосанд, зеро айни ҳол миёни Тоҷикистону Покистон хатти интиқоли нерӯи барқ вуҷуд надорад. Дар шароити кунунӣ аз ҳамагон танҳо даъват менамоем, ки аз нерӯи барқ сарфакорона истифода баранду бо таҳаммул бошанд ва ба ҳар гуна овозаҳои иғвоангез гӯш надиҳанд.

Апрель 7, 2011 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад