НАВРӮЗ ДАР АСТРАХАН
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Гулрӯ Ниёзова).- Дирӯз дар боғи марказии маданӣ-фароғатии Аркадийи шаҳри Астрахани Русия бо ташаббуси Ҳукумати вилояти Астрахан ва шаҳрдории он иди арӯси сол "Наврӯзи хуҷастапай " ҷашн гирифта шуд. Миёни намояндагони ҷамъиятҳои гуногунмиллати Астрахан дар ин ҷашн ҳамдиёрони мо низ иштирок доштанд. Аз тарафи ҷамъияти тоҷикони Астрахан раиси ҷамъияти тоҷикони ин вилоят Раҳматуллои Лоиқ ва сарвари ҷамъияти занони вилоят Ҷамила Қаландарова сухан гуфтанд. Ҳамзамон дар саҳни майдончаи боғи Аркадий хаймаи тоҷикӣ қомат афрохта буд, ки парчами Тоҷикистон дар боми он ҷилвагар буд. Дар наврӯзгоҳ тамоми нозу неъматҳои ҳунари миллии иштирокдорон муҳайё буда, зери суруду мусиқии тоҷикӣ гулдухтарони тоҷик бо либосҳои миллии баҳорӣ ба маҳфил ҳусни дигар зам намуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» хабарнигор Мирзо Асозода аз шаҳри Астрахани Русия хабар дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






