СЕНАТОРҲОИ ФАРОНСАВӢ БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД

Апрель 12, 2011 17:53

   Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Ҳафтаи оянда як ҳайати парлумонӣ иборат аз сенаторҳои Фаронса ба Душанбе меоянд». Дар ин бора Анри Зиппер де Фабианӣ,  сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо Раиси Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров иттилоъ дод.      Дипломати фаронсавӣ гуфт, ки сенаторҳои парлумони Фаронса зимни сафар ба Тоҷикистон аз парлумони Тоҷикистон боздид намуда, бо роҳбарияти он мулоқот менамоянд. Инчунин, бо фаъолияти ин мақоми олии қонунгузори Тоҷикистон шинос мегарданд.     Анри Зиппер де Фабианӣ ҳамзамон гуфт, ки охири моҳи май дар шаҳри Брюссел /Белгия/ мизи мудаввар доир мегардад, ки дар он панҷ нафар вакилони парлумони Тоҷикистон метавонанд иштирок намоянд.           Бояд тазаккур дод, ки  ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Фаронса беш аз пеш дар соҳаҳои гуногун тақвият меёбанд. Хусусан, дар  доираи баргузории Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки моҳи октябри соли 2005 дар Париж сурат гирифт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат намуд. Ҳамзамон, дар ин замина рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса доир шуд, ки дар он доираи васеи намояндагони санъати тоҷик иштирок доштанд. Сарфароз гардонидани арбобони санъати тоҷик бо мукофотҳои давлатии Фаронса, ки аз сӯи собиқ Президенти Фаронса Жак Ширак сурат гирифт, боиси сарфарозии мардуми Тоҷикистон гардид.

Апрель 12, 2011 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад