ТОҶИКИСТОН МАЙДОНИ ЧЕМПИОНАТИ МИНТАҚАВӢ
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 27 то 29 майи соли 2011 дар толори варзишии шаҳри Қайроққум якумин чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ ва каратэи анъанавӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Бо қарори махсуси раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҳайати кумитаи тадорукоти чорабинӣ тасдиқ шуд. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар робита бо Федератсияи муҳорибаи ҷанги дастӣ ва каратэи анъанавии вилояти Суғд ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чемпионати мазкур тадбирҳои мушаххас андешида, тартиби баргузории онро тибқи талаботи муқаррарнамудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






