ДОНИШКАДАИ СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶТ
Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар арафаи ҷашни 20 –солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат(ДСХ), профессор Файзалӣ Комилов ҳамсӯҳбат гардид. дар мавриди , ки маскур 20 сола мешавад, суҳбате доштем дар ин маврид бо ректори донишкадаи маскур. Мӯҳтарам ректор, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҳамсоли истиқлолияти кишвар аст. Мегуфтед ки донишкадатӯли 20 соли даврони истиқлол ба кадом дастовардҳо ноил гардид ? Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат расман ҳамагӣ як ҳафта пеш аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Он бо Қарори Девони Вазирони ИҶШС таҳти №530 аз 29 июли соли 1991 ва Қарори Девони Вазирони РСС Тоҷикистон таҳти №266, аз 2 сентябри соли 1991 таъсис ёфтааст. Аз ин рӯ, донишкада барҳақ ҳамсолу ҳамқадами Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Муассис ва соҳибмулки донишкада Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, мақоми ваколатдори он Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Табиист, ки дар 20 соли даврони истиқлолият донишкада баробари ҷумҳурӣ рушду нумӯъ карда ба дастовардҳои зиёд ноил шудааст. Барои қиёси рушди донишкада тӯли 20 соли фаъолияташ танҳо ҳаминро қайд кардан кифоя аст, ки дар ибтидо, яъне соли таҳсили 1991-1992 он дорои ҳамагӣ як бинои таълимии нимсохт, се кафедра ва 17 синфхона буд. Ҳайати кормандони илмӣ- педагогӣ аз 2 нафар доктори илм ва 19 нафар номзади илм, аз ҷумла 2 нафар зан иборат буда, танҳо 6 нафарашон кормандони доимӣ буданду халос. Қабул ба донишкада аз рӯи 4 ихтисос сурат гирифта, соли аввал ҳамагӣ 88 нафар донишҷӯ қабул карда шуд. Фонди умумии китобхонаи онвақта 1012 нусха китобро ташкил медод. Имрӯз дар сохтори донишкада се факултет – “Хизмати молиявӣ”, “Соҳибкорӣ ва менеҷмент”, “Туризм ва меҳмоннавозӣ”, Гимназияи назди донишкада ва 14 кафедра(10 кафедраи тахассусӣ) фаъолият доранд. Пойгоҳи моддӣ-техникии донишкада дорои 4 бинои хушсохти ҳозиразамони таълимӣ, китобхона (бо хазинаи беш аз 42 ҳазору 719 адад китоб), китобхонаи электронӣ, 2 қироатхона (дорои 100 ҷойи нишаст), 2 варзишгоҳ, як толори варзишӣ, 2 ошхона, қаҳвахона, мағозаи китобфурӯшӣ, дӯкони маводи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраи дандонпизишкӣ, толори маҷлис, маркази иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, рӯзномаи «Соҳибкор», маҷаллаи илмии «Паём», маркази сабт ва иттилоот, маркази сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ, паркҳои технологӣ оид ба меҳмонпазироӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи туризм ва ҳунари кулолӣ, хобгоҳи ҳозиразамон, 72 синфхона (дорои 2246 ҷойи нишаст) ва беш аз 300 компютер мебошад, ки 184 компютер ба шабакаи Интернет доимӣ пайваст мебошанд. Кормандони илмӣ-педагогии донишкада 162 нафарро ташкил медиҳанд, ки танҳо 20 нафарашон ҳамкори берунӣ мебошанд. Аз теъдоди умумии ин кормандон профессорон 10 нафар (7%), дотсентон 58 нафар (36%), омӯзгорони калон 42 нафар (25%) ва ассистентон 52 нафар (32%) –ро ташкил медиҳанд. Донишкада имрӯз аз рӯи 11 ихтисос ва 20 тахассус донишҷӯ қабул менамояд. Дар давоми солҳои 1991-2006 ба донишкада номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳ.У. Умаров, солҳои 2006-2008 – доктори илмҳои фалсафа, профессор З.В. Вазиров сарварӣ намудаанд. Аз соли 2008 инҷониб сарварии донишкадаро доктори илмҳои физикаю риёзӣ, профессор, академики АИ Ф.С. Комилов ба ӯҳда доранд. Соли 1996 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз донишкада боздиди корӣ ба амал оварда, баъди шиносоии наздик ба тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти донишкада баҳои баланд ва фотиҳаи нек дод. Ҳайати кормандони донишкада аз ин дастгирии Президент рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон пайваста талош меварзанд. Донишкада дорои сомонаи (веб-сайти) худ мебошад, ки таҳти унвони www.dsx.tj ба шабакаи умумиҷаҳонии Интернет пайваст гардидааст. Қобили зикр аст, ки донишкада дар муддати 20 соли фаъолияти худ се маротиба аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ бомуваффақият гузашта, дар ин давра зиёда аз 4500 нафар мутахассиси баландихтисосро барои пешбурди хоҷагии халқи мамлакат тайёр намудааст. Азбаски сатҳу сифати тайёр намудани мутахассисон ва шароити таҳсил дар донишкада ба талаботи замона мувофиқ ба роҳ монда шудааст, дастпарварони он дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва бисёр кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ИМА, Ҷопон, Австрия, Англия, Олмон, Федератсияи Россия, Украина, Қазоқистон бомуваффақкият фаъолият намуда истодаанд. Масалан, даспарварони мо Раҳматулло Файзов, Ғафурҷон Собиров, Шӯҳрат Гулов ва чанд нафари дигар дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зафар Ҳотамов, Умедҷон Умаров ва Нӯъмонҷон Абдуҷабборов дар котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлат Назриев дар Вазорати корҳои хориҷӣ, Абдураҳмон Наҷмиддинов ва дигарон дар Вазорати молия, Умеда Раҳимова дар Кумитаи давлатии амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 нафар дастпарварони донишкада дар бонкҳо ва филиалҳои бонкҳо ба ҳайси роҳбари аввал, хулоса дар тамоми сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ, андоз, молия, гумрук адои вазифа намуда истодаанд. Боиси ифтихору қаноатмандист, ки бо қарори Комиссияи аттестатсионии олии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия дар донишкада аз рӯи 2 ихтисоси иқтисодӣ Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ кушода шуд. Дар он аллакай панҷ нафар мутахассиси ҷавон рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд, ки ду нафари онҳо аспирантони донишкада мебошанд. Соли 1998 бо қарори Шӯрои олимони ДСХ Гимназияи донишкада ифтитоҳ ёфта, дорои иҷозатномаи Вазорати Маорифи ҶТ (АУ №0000573) оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ мебошад. Имрӯз дар гимназия 383 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо 27 нафар омӯзгор дарс мегӯянд, ки аз онҳо 5 нафар Аълочии маорифи ҶТ ва 14 нафар дорои тахассуси дараҷаи олӣ мебошанд. Имсол 16 нафар шогирдони гимназия дар олимпиадаи ноҳиявӣ ҷойҳои аввалро сазовор шуда, ба олимпиадаи шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Се нафар ҳуқуқи дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуданро пайдо карданд. 2. Тӯҳфаи донишҷӯёну устодони Донишкада ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон? Дар давраи 20 соли истиқлолият аз ҷониби олимони донишкада зиёда аз 100 асару рисолаҳои илмӣ ва беш аз 2200 номгӯй мақолаю хулосаи маърӯзаҳои илмӣ табъу нашр шудаанд. Дар ин давра 22 нафар устодони донишкада рисолаҳои илмии номзадӣ ё докторӣ ҳимоя намуданд, ки 3 нафарашон дастпарварони худи донишкада мебошанд. Барои фаъолияти пурсамари илмӣ ва натиҷаҳои назаррас дар ҷодаи таълиму тарбия профессор Файзалӣ Комилов соҳиби унвони илмии академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ ва профессор Ғ.Ҷ. Ҷӯрабоев соҳиби унвони академики Академияи байналмилалии илмҳои ташкилӣ гардидаанд. Профессор М. Исматӣ бо унвони фахрии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Баҳри амалӣ гардонидани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №657, аз 31 декабри соли 2008 ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2008, 2009 ва 2010 дар донишкада як силсила конфронсу мизҳои мудаввари ҷумҳуривӣ дар мавзӯъҳои «Масоили рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон», «Масоили рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ», "Тартиби андозбандӣ аз соҳибкорони инфиродӣ", "Низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои такмили он", "Равзанаи ягона" ва "Андоз аз аҳолӣ” гузаронида шуд. Аъзои маҳфилҳои илмии донишҷӯён, ки зери роҳбарии Шӯрои илмии донишҷӯён фаъолият доранд, дар олимпиадаҳои фаннии муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва дигар озмунҳои байни донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, дар аксарияти онҳо ғолиб меоянд. Аз ҷумла, тӯли чанд соли охир Ӯктам Ҷумъаев (соли 2002), Мадина Қурбонова (2003), Баҳоваддин Ҷумъаев (2004), Фарҳод Пӯлодов (2004), Муаззама Фазлиева (2005), Эраҷ Каримов (2006-2007), Маҳмадризо Маҳмадқулов (2010) ғолибони фанҳои гуногун шудаанд ва бо диплому ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд. Дар озмунҳои анъанавии ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ-техникӣ» оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёни макотиби олӣ шогирдони донишкада Саёҳат Иброҳимова (2006), Азиза Юнусова ва Меҳрангез Қаюмова (2008), Фарзона Ҳайбатова ва Мавзуна Хоҷаева (2009), Гулпарӣ Давлатова ва Наргис Абдуалимова сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (2009) дониста шуда, бо ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд. Соли 2008 донишҷӯи курси дуюми факултаи соҳибкорӣ ва менеҷмент Нозанини Комилиён дар конфронси байналмилалии донишҷӯён оид ба барномаи гендерӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон маърӯзаи илмӣ намуда, соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид. Дар олимпиадаи якуми ҷумҳуриявии байни донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар оид ба технологияи иттилоотӣ-шабакавии «NetRiders Tajikistan 2009», ки бо дастгирии Академияи шабакавии Cisco, Бунёди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет» ва шӯъбаи тоҷикистонии Институти «Ҷомеаи кушода» Бунёди мадад баргузор шудааст, дар бахши «Мутахассиси болаёқати IT» донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси «Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт» Далер Юнусов сазовори ҷойи аввал гардид. Ҳамаи ин дастовардҳои хешро ба ҷашни дар пешистодаи 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида, донишҷӯёну устодони донишкада азму иродаи қатъӣ доранд, ки сатҳу сифати таълиму тарбия ва тадқиқоти илмиро аз рӯи супоришу дастурҳои сардори давлат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, бахусус Паёми имсолаи Президент ба Маҷлиси Олӣ тақвият бахшида, дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон – Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузоранд. Мегуфтед, ки муносибатҳои донишкада бо кишварҳои хориҷӣ ҳоло дар кадом сатҳ қарор доранд? Барои густариши ҳамкориҳои берунӣ донишкада бо зиёда аз 25 ташкилоту созмон, муассисаҳои илмиву таълимии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ қарордод ба имзо расонидааст. Дар асоси ин қарордод ҳамасола теъдоди муайяни устодону донишҷӯён ба такмили ихтисос ва таҳсил фаро гирифта мешаванд ва дар конфронсу сипозиумҳо ва машварату семинарҳо иштирок ва маърӯза менамоянд. Масалан, танҳо дар 2 соли охир беш аз 12 нафар устодони донишкада дар конфронсҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Фератсияи Россия маърӯза намуданд ва мақолаҳояшон бо забонҳои мухталифи дунё ба нашр расид. Дар ҳамин давра 12 нафар донишҷӯ барои сайёҳат ва таҳсил ба ИМА ва Федератсияи Россия фиристода шуданд. Зиёда аз 10 нафар устодону кормандон дар ИМА, Англия, Германия, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҳиндустон ва ғайра аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд. Тобистони соли 2010 4 нафар донишҷӯи донишкада бори аввал барои кору таҳсил ва саёҳат ба ИМА фиристода шуданд. Мувофиқи қарордод имрӯзҳо як идда омӯзгорони хориҷӣ дар мӯхлатҳои муайян ба донишкада ташриф оварда, бо донишҷӯёни ихтисоси туризм машғулият мегузаронанд. Ҳамчунин ҳар сол теъдоди зиёди шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя, аз қабили ҷумҳуриҳои Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия дар донишкада ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Умуман дар тӯли 20 соли истиқлолият ҳаминро бояд гуфт, ки донишкадаро беш аз якуним ҳазор шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ хатм намуданд. Моҳи майи соли 2010 ба донишкада ташриф овардани меҳмони олиқадр — Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии туризм ҷаноби Толиб Рифоӣ, соли 2009 ба узвияти Донишгоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (ДСҲШ) ба ҳайси яке аз донишгоҳҳои пешбари соҳаи технологияи иттилоотӣ (IT) пазируфта шудани Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, ғолиб омадани донишкада дар озмунҳои «Роҳҳо ва усулҳои тайёр намудани кадрҳои соҳаи туризм дар Тоҷикистон», Барномаи Темпус дар мавзӯи «Муҳандисии компютерӣ» ва ғайра гулчине аз дастовардҳои донишкада дар самти робитаҳои байналмилалӣ дар даврони истиқлолият мебошанд. Ташаккур барои сӯҳбат! Мусоҳиб Сангзода Муслиҳиддин