C. Валиев: Нархи маҳсулот дар моҳи рамазон то 10% арзон мешавад
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Иттифоқи «Тоҷикматлубот» барои нигоҳ доштани нархи гӯшт ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз аввали соли ҷорӣ дар назди бозорҳои «Шоҳмансур» ва «Қарияи боло»-и пойтахт ярмаркаи доимии фурӯши маҳсулоти кишоварзиро ташкил намуд, ки дар он 2 ҳазору 954 тонна маҳсулот ба фурӯш бароварда шуд», — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев 20 июни соли равон.Аз рӯи иттилои раиси идораи матлубот дар асоси супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ барои танзими нархи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ аз тарафи ташкилоту муассисаҳо 573 сар чорвои калон ва 443 сар чорвои хурд ба маблағи 1 млн. 763,3 ҳазор сомонӣ харид шуда, ҳамарӯза маҳсулоти гӯштӣ ба сокинони пойтахт ба нархҳои нисбатан арзон пешниҳод мешавад.«Мо барои танзими нархи маҳсулот дар моҳи шарифи рамазон бо тамоми раисони бозорҳои пойтахт гуфтушунид кардем. Нархҳо барои шаҳвандони мо дар ин моҳи муборак то 10% арзон хоҳанд шуд», — афзуд С. Валиев.