ДИТ таҷрибаи кишварҳои хориҷиро меомӯзад
Душанбе, 26 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ояндаи наздик Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа ҳамкории мутақобилан судмандро бо донишгоҳҳои исломии Мисри Араб ва Туркия ба роҳ мемонад. «Бастани шартномаи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои ин кишварҳо имкон медиҳад, ки бахши табодули устодон ва донишҷӯён, омӯхтани таҷрибаи ҳамдигар дар риштаи улуми исломӣ тақвият ёбад»,- мегӯяд Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Умаралӣ Назаров.Алҳол Донишкадаи исломии Тоҷикистон узви Ассотсиатсияи донишгоҳҳои олами исломӣ буда, ҳамзамон мударрисон аз Миср ва Аморати Муттаҳидаи Араб ба донишҷӯёни донишкада дарс медиҳанд. Донишкадаи исломии Тоҷикистон дорои ду факулта- филологияи шарқ, улуми исломӣ ва 12 кафедра буда, дар он беш аз 1000 нафар донишҷӯён аз рӯи 5 ихтисос таҳсил менамоянд.