ДМТ ба донишҷӯён ихтисосҳои навро ёд медиҳад

Июль 22, 2011 10:27

Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Соли нави таҳсили 2011 – 2012 дар факултаҳои «Физика», «Механикаю математика» ва «Филология» — и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мутахассисони касбӣ аз рӯи ихтисосҳои нави ҳавошиносӣ, амнияти компютерӣ ва тарҷумонҳо аз забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва немисӣ ба забони тоҷикӣ тайёр карда мешаванд.Проректори бахши таълиму усулшиносии ДМТ Раҳматулло Мирбобоев дар нишасти матбуотӣ аз ин хусус иттилоъ дод. Соли 2010 дар донишгоҳи мазкур ба забони давлатӣ аз рӯи фанҳои табиатшиносӣ ва ҳуқуқу сиёсатшиносӣ беш аз 37 китоби дарсӣ дарҷ гардид. Ғайр аз ин худи муаллимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва донишкадаҳои дигари олӣ 42 китоби дарсиро ба табъ расониданд. Мутаассифона, вақтҳои охир, сарфи назар аз мавҷуд будани созишномаҳои дуҷонибаи байни ДМТ ва як қатор донишкадаҳои олии Федератсияи Русия, теъдоди китобҳои дарсии аз Русия ба кишвар фиристодашаванда кам шуда истодааст.

Июль 22, 2011 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад