Э. Раҳмон бузургтарин маъхази маърифатро ба истифода дод

Июль 26, 2011 11:57

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба навоҳии Хуросон ва А. Ҷомии вилояти Хатлон сафар намуд. Ташрифи Президенти мамлакат ва ба фаъолият оғоз намудани яке аз бузургтарин маъхази маърифат – таълимгоҳи рақами 62 дар ҷамоати «Иттифоқ»-и ноҳия боиси фараҳмандию хушҳолии ҷавонону сокинони минтақа гардид. Сохтмони бинои мазкур ҳанӯз охирҳои солҳои 1980 оғоз ёфта, пас аз таваққуфи тӯлонӣ барқарорсозӣ ва бунёди он бо ташаббусу маблағгузории роҳбарияти олии мамлакат ва Бонки Исломии Рушд аз моҳи ноябри соли 2009 шурӯъ гардид. Маблағи умумии сохтмон, харид ва насби таҷҳизоти зарурии таълимӣ 2,5 миллион доллари ИМА ва ё беш аз 11 миллион сомониро ташкил дод. Бино аз се ошёна ва 36 синфхона, аз ҷумла 16 синфхонаи таълимӣ, 11 утоқи фаннӣ, 2 синфи компютерӣ, 2 синфи лингофонӣ барои таълими забони хориҷӣ, 2 синфи махсуси технологӣ барои толибилмон, озмоишгоҳҳо барои фанҳои дақиқ иборат аст. Сарвари Давлат шароити мавҷудаи таълимиро барои мукаммал намудани савияи дониш, азбар намудани илмҳои муосир ва дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ камол ёфтани хонандагон мусбат арзёбӣ намуд. Мактаби навбунёд дорои ошхона, маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ бо фарогирии 130 ҷойи нишаст буда, бо усули ҷадиди меъморӣ аз ҷониби пудратчии асосии ГСП «Техно-инвест» сохта шудааст.Мактаб бузургтарин таълимгоҳи замони муосир дар қаламрави вилоят ба шумор рафта, он дар як баст 994 нафар хонандаро ба таълим фаро мегирад. Муҳассилин аз бунёди чунин муассисаи таълимии замонавӣ хушҳол буда, бар ивази ғамхории давлату Ҳукумати ҶТ барои азбар намудани донишҳои муосири замон худро масъул мешуморанд. Мулоқоти самимию ошкорои Сарвари Давлат зимни сафари корӣ бо аҳли заҳмат тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияро фаро гирифта, барои бартараф намудани камбудиҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳдошти некӯаҳволии мардум, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замин, ғанӣ гардонидани буҷаи давлат аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳои даромад, ҳифзи суботу арзишҳои миллии Тоҷикистон ҳозиринро вазифадор намуда, ҳамагонро ҷиҳати истиқболи сазовори солгарди навбатии Истиқлолияти мамлакат даъват намуд. Бо ҳамин сафари кории Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон аз навоҳии вилояти Хатлон анҷом ёфт.

Июль 26, 2011 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад