Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи коркарди нафт дидан намуд

Июль 23, 2011 10:29

Шаҳринав, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Бо мақсади густариш додани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва рушди соҳа Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди корхонаи коркарди нафти ноҳияи Шаҳринав замина гузошта, дар ин мавзеъ барои наслҳои оянда санги асос гузошт. Корхонаи коркарди нафт дар масоҳати 10 гектар аз ҷониби ҶДММ «Капитал» ва бо маблағгузории соҳибкор Ҳоҷӣ Рустам Дӯстов бунёд мегардад. Айни замон барои пешбурди корҳои сохтмонӣ 180 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Сардори Давлат супориш дод, ки корхонаи коркарди нафт то ҷашни Истиқлолияти соли 2012 бояд ба истифода дода шавад. Бояд гуфт, ки корхона дар сурати ба кор даромадан дар як шабонарӯз 100 тонна ва дар як сол 100 000 тонна нафтро кор карда, бензин, солярка, мазут ва карасин истеҳсол менамояд. Дар ҳолати пурра ба кор даромадан шумораи коргарони корхона дар се баст ба 400 нафар мерасад. Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сӯҳбат бо сохтмончиён ва масъулини корхона таъкид намуда гуфт, ки дар сурати коркарди маҳсулоти нафтӣ дар кишвар ҳангоми боло рафтани нархи сӯзишворӣ ва камбуди он ниёзи мардум бароварда шуда, арзиши аслии он дар низоми муайян қарор мегирад. Зимни сафари худ Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ ороста, роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи бахшҳои хоҷагии халқи ноҳия ибрози назар намуд.

Июль 23, 2011 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар  Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид