Иншоотҳои муҳими замонавӣ
Хоруғ, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфишоҳ Додоев). Дар деҳаи Миденшори ҷамоати деҳоти Поршнев бунёди биноҳои маркази маъмурӣ, намояндагии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва шӯъбаи «Тоҷиксодиротбонк» — и ноҳия идома дорад. Сардори намояндагии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии ноҳияи Шуғнон Иқбол Исломбеков ва сармуҳандиси сохтмон Оқилназар Охирназаров зимни сӯҳбат иброз доштанд, ки бинои намояндагии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии ноҳияи Шуғнон 9 сентябри соли равон, яъне дар ҷашни 20 – солгарди истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад.Сохтмон аз тарафи Маркази хадамоти назорати давлатии ҷумҳуриявӣ, маблағгузорӣ шуда, ҳоло бо масолеҳи сохтмонӣ ва қувваи кории пурра таъмин мебошад. Бинои шӯъбаи «Тоҷиксодиротбонк» — и ноҳия бо тарҳи зебо қомат афрохтааст. 14 нафар сохтмончиён аз шаҳри Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бунёди иншооти мазкур кор мекунанд ва кӯшиш доранд, ки он хеле зебо сохта шавад.








Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?






