«Истиқлол» ба Варзишгоҳи марказӣ бармегардад

Июль 22, 2011 10:18

Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дастаи футболи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе аз даври сеюми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол ҳарифонашро дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ қабул менамояд. Тавре сомонаи расмии клуби футболи «Истиқлол» иттилоъ медиҳад, ҳоло тармиму таҷдиди ин варзишгоҳ идома дорад. Хотирнишон месозем, ки имсол дастаи «Истиқлол» дар варзишгоҳи асосии кишвар фақат як вохӯрӣ гузаронида буд, ки он ҳам бо дастаи «Энергетик» буд. Назар ба иттилои директори Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ Мурод Полвонов «муддати се моҳ аст, ки варзишгоҳ тармиму таҷдид карда мешавад. Дар ин давра дар варзишгоҳ курсиҳои нави пластикӣ насб карда шуданд. Акнун варзишгоҳ дар як вақт 20 ҳазору 145 нафар ҳаводорони футболро қабул карда метавонад. Кабудизори варзишгоҳ ба тартиб дароварда шуда, ҳолати он қобили қабул ва хеле хуб аст». Дар назар аст, ки дастаи «Истиқлол» баъди тармиму таҷдиди Варзишгоҳи марказӣ бозии аввалини худро бо дастаи футболи «Шодмон» — и ноҳияи Ҳисор мегузаронад.

Июль 22, 2011 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад