«Истиқлол» ба Варзишгоҳи марказӣ бармегардад
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дастаи футболи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе аз даври сеюми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол ҳарифонашро дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ қабул менамояд. Тавре сомонаи расмии клуби футболи «Истиқлол» иттилоъ медиҳад, ҳоло тармиму таҷдиди ин варзишгоҳ идома дорад. Хотирнишон месозем, ки имсол дастаи «Истиқлол» дар варзишгоҳи асосии кишвар фақат як вохӯрӣ гузаронида буд, ки он ҳам бо дастаи «Энергетик» буд. Назар ба иттилои директори Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ Мурод Полвонов «муддати се моҳ аст, ки варзишгоҳ тармиму таҷдид карда мешавад. Дар ин давра дар варзишгоҳ курсиҳои нави пластикӣ насб карда шуданд. Акнун варзишгоҳ дар як вақт 20 ҳазору 145 нафар ҳаводорони футболро қабул карда метавонад. Кабудизори варзишгоҳ ба тартиб дароварда шуда, ҳолати он қобили қабул ва хеле хуб аст». Дар назар аст, ки дастаи «Истиқлол» баъди тармиму таҷдиди Варзишгоҳи марказӣ бозии аввалини худро бо дастаи футболи «Шодмон» — и ноҳияи Ҳисор мегузаронад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






