Маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Имрӯз, 21 июл дар самти коҳиш додани талабот ба маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурию судмандбояд дид.Бо мақсади ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ бо Фармони Президенти мамлакат Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъаовар таъсис ёфтааст, ки аз соли 2004 инҷониб амал мекунад. Чунин Шӯроҳо дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ таъсис дода шудаанд.Шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ дар марказ ва маҳалҳо корро дар якчанд самт ташкил мекунанд, ки муҳимтарини онҳо р овардани чорабиниҳои пешгирикунанда байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ мебошад.Соли 2010 бо мақсади омӯзиш, санҷиш ва расонидани ёрии амалӣ ба Шӯроҳои ҳамоҳангсози вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ қарор қабул шуд, ки ҷаласаҳои сайёри Шӯро дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баргузор шаванд. Ҷаласаи аввалини сайёр моҳи апрели соли гузашта дар вилояти Хатлон доир гардида буд.15 июли соли 2011 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии сайёри Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистифода аз маводи нашъаовар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ Руқия Қурбонова баргузор гардид.Дар ҷаласа ҳамчунин аъзо ва котиботи Шӯро аз ҷумлаи намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, маориф, фарҳанг, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ иштирок намуданд.Иштироккунандагони ҷаласа маълумоти муовини раиси вилояти Суғд, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ Мавҷуда Бобоеваро дар бораи фаъолияти Шӯроҳои шаҳр, ноҳия ва вилоят шуниданд.Ҳамчунин ҳисоботи Бунафша Одинаева, муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаи санҷишҳои фаъолияти Шӯроҳои ҳамоҳангсози вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии вилояти Суғд шунида шуд.Дар ҷаласа Директори маркази вилоятии наркологӣ Фирдавс Тӯрахонов ва намояндаи шӯъбаи тоҷикистонии Институти Ҷомеаи кушода Зумрад Мақсудова сухан гуфтанд.Зимни суханронии худ ширкаткунандагон сари ҳамин андеша қарор гирифтанд, ки кӯшишҳои якҷояи сохторҳои гуногун ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ нақши муҳим хоҳанд бозид.Дар рафти муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома барои беҳдошти ҳалли масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ ва таҳкими кори Шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ, аз ҷумла ташкили барномаҳои радиоӣ ва телевизионии доимии зиддимухаддиротӣ, муҳокимаи ҳодисаҳои дастгир шудани шаҳрвандон барои ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар ҷои истиқомат, иҷрои сифатноки Барномаи мақсадноки давлатӣ барои солҳои 2008-2012 пешниҳодҳои муфид ироа шуданд.Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурӣ Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамзамон Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи вилояти Суғд, ки мутасаддии кори Шӯроҳо мебошад, пешниҳод кард, ки нақшаи чорабиниҳоро барои рафъи камбудиҳои ошкоршуда таҳия намуда, ташкили барномаҳои радиоӣ ва телевизионии доимии зиддимухаддиротӣ, муҳокимаи ҳодисаҳои дастгир шудани шаҳрвандон барои ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар ҷои истиқомат ва иҷрои сифатноки «Барномаи мақсадноки давлатӣ барои солҳои 2008-2012»-ро ба роҳ монад.