Мулоқоти О. Оқилов бо В. Гаркун

Июль 14, 2011 13:05

                                                                                                                             Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 13 июл Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба ҳайси роҳбари Кумитаи тадорукотӣ оид ба омодагирӣ ва доир намудани ҳамойиш бо Муовини аввали Раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун мулоқот намуд. Ин мулоқот дар доираи омодагирӣ ба иҷлосияҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки бояд дар оғози моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон баргузор гардад, сурат гирифт.Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили амалии марбут ба таъмини ташкили хушсифати иҷлосияҳои мақомоти олии Иттиҳод, рӯзнома, барнома ва тартиби пиёда намудани чорабиниҳои дар пешистодаи намояндагони олимақомро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин, масъалаҳои раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷараёни иҷрои Нақшаи тадбирҳо бахшида ба 20 – солагии ИДМ, ҷиҳатҳои дигари ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи Иттиҳод баррасӣ шуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ доданд.

Июль 14, 2011 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад