Сарвазири кишвар аз бадахшон дидан мекунад
Хоруғ, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфишоҳ Додоев). – Дар машварате, ки рӯзи 14 – уми моҳи июл раиси ВМКБ Қодири Қосим бо раиси шаҳри Хоруғ, муовинони раиси вилоят ва шаҳри Хоруғ, роҳбарони идороту муассисоти вилоят доир намуд, ҷараёни омодагӣ ба 20 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси вилоят диққати ҳозиринро ба тезонидани суръати кор дар иншооте, ки дар арафаи ҷашни истиқлолияти кишвар бо иштироки роҳбарони воломақоми ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, ҷалб намуд. Дар аввали даҳрӯзаи сеюми моҳи июл ташрифи Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ба шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва навоҳии дигари ВМКБ дар назар аст.