Шаҳринав воқеан ба шаҳри нав табдил меёбад

Июль 27, 2011 14:20

Шаҳринав, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). – Ҳамаи сокинони Шаҳринав дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори хеш қарор дода, аз ташрифи навбатии ӯ рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд, иброз дошт муовини раиси ноҳия Шаҳринав Мусаллама Қодирова зимни нишасти матбуотӣ, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ҷо баргузор гардид.Дар ҷамъомад муовинони раис, мудирони шӯъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳузур доштанд. Тавре М.Қодирова зикр кард, соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии истеҳсолот ба шумор рафта, дар он 6300 нафар шаҳрвандон кор мекунанд, ки 38,9 фоизи шумораи умумии коргарони ҳамаи сохтори истеҳсолиро ташкил менамоянд. Имсол боғпарварони ноҳияи Шаҳринав дар масоҳати 182,6 гектар боғу токзорҳои нав бунёд кардаанд, 139,6 фоизи нақшаи фаъолиятро ташкил менамояд.Деҳқонон бо мақсади афзун намудани маҳсулоти ғизоӣ дар масоҳати 1430 гектар кишти такрорӣ гузарониданд.Пайдоиши номи Шаҳринав ба солҳои 20 – уми асри ХХ рост меояд. Шояд он вақт бо се чор хонаи каму беш хуштарҳ ин номро гирифта буд. Аммо бунёдкорию ободкориҳои солҳои охир, махсусан баъди қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди иқтисодӣ — иҷтимоии ноҳия дар давраи соли 2015» ривоҷу равнақ ёфт. Шаҳринав рӯз то рӯз ободу зебо гардида, он рӯз дур нест, ки он воқеан ба шаҳри нав табдил ёбад.

Июль 27, 2011 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд
Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд
Имрӯз дар  Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд