«Шоҳмансур» ихтисосӣ мегардад
Душанбе, 14 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шурӯъ аз фардо, 15 июли соли равон, бозори «Шоҳмансур»-и Душанбе, ки дар байни мардум бо номи «Зеленый» маъмул аст, танҳо барои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, агросаноатӣ ва маводи ғизоӣ махсус гардонида мешавад.Ин тадбир дар асоси қарори шаҳрдорӣ бо мақсади аз рӯи таъинот ба роҳ мондани фаъолияти бозорҳои шаҳр, ки ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ихтисос доранд, инчунин нигоҳ доштани нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва зиёд намудани нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи хӯрокӣ андешида шудааст, иттилоъ дод котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов.Дар робита ба ин Сайвалӣ Сафаров, муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе, вазифадор гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута, хусусан маъмурияти бозор барои ҷилавгирӣ аз фурӯши маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди бозори «Шоҳмансур» тадбирҳои зарурӣ андешад.








ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад






