Сохтмони бинои нави мақомот дар ноҳияи Шаҳринав
Шаҳринав, 22 июл. (АМИТ«Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Нимаи дуюми рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро сокинону фаъолони ноҳияи Шаҳринав бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд. Нахуст Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кории худ бинои хуштарҳу муосири мақомоти иҷроияро, ки аз ҷониби сохтмончиёни ҶДМ «Султон» дар маркази шаҳраки навбунёди Шаҳринав қомат афрохтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Сохтмони бинои мазкур соли 2006 оғоз ёфта, барои корҳои сохтмонию васлгарӣ ва хариди таҷҳизоти он 4 миллиону 70 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Қисмати аввали бино аз 24 утоқи корӣ ва толори маҷлис иборат мебошад. Акнун аз ин пас барои тамоми кормандони дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки пештар дар бинои собиқ беморхона фаъолият доштанд, шароит ва фазои мусоиди корӣ фароҳам оварда шуд.Бояд гуфт, ки қисмати дуюми бинои мақомот, ки аз шаш утоқи корӣ ва толори маҷлис барои 604 нафар иборат аст дар нимаи аввали соли 2012 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.








Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?






