Таҷрибаи нодири хоҷагии деқонии «Тӯйчибобо»
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари худ аз шаҳри Турсунзода аз хоҷагии деҳқонии «Тӯйчибобо» — и деҳаи Ҷавратии ҷамоати деҳоти 1 май дидан намуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ибратбахши токпарварии аҳли хоҷагӣ аз наздик шинос шуд.Тавре зикр гардид, хоҷагии деҳқонии «Тӯйчибобо» соли 1997 аз ҷониби сокини ҷамоати деҳоти 1-майи шаҳри Турсунзода Яҳё Тӯйчиев ташкил гардидааст. Яҳё Тӯйчиев фарзанди Турсун Тӯйчиев, яке аз деҳқонони асили минтақа, собиқ роҳбари хоҷагии калонтарини шаҳри Турсунзода — хоҷагии Аскаралӣ Мирзоев мебошад, ки дар давраи фаъолияти кориаш соҳиби якчанд унвони давлатӣ гардида буд. Дар ангурбоғи ҷавони ин хоҷагӣ, ки дар майдони 9 гектар доман паҳн кардааст, 7 навъи гуногуни ин меваи биҳиштӣ, аз ҷумла «чиллагӣ», «ҳусайнӣ», «шоҳона», «ангушти хонум», «ғалаба» парвариш меёбад. Ин боғ дар зарфи 4 сол ба як мавзеи биҳиштӣ табдил ёфтааст. Тавре маълум аст, ангурпарварӣ шуғли басо фоидаовари соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар сурати парвариши дурусти токзор аз он ҳосили фаровони гаронарзиш рӯёнидан мумкин аст.Таҷрибаи нодири бо усули чойлобҳои махсус парвариш кардани ангур бо раҳнамоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Турсунзода ба дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн мешавад.








Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд






