Таъсиси факултаи нав дар ДДХ

Июль 26, 2011 12:02

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 25 июли соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) нишасти матбуотӣ баргузор гардид.Ректори донишгоҳ, профессор Ваҳҳоб Набиев перомуни фаъолияти кормандони муассисаи таълимӣ дар давоми шаш моҳи соли равон ҳарф зада гуфт, ки байни факултаҳо ва бинои асосӣ барои иртиботи ҳамешагӣ шабакаи ягонаи компутерӣ таъсис ёфтааст. Ҳамзамон аксарияти факултаҳо бо шабакаи интернетӣ пайвастанд. Минтақаи таҷрибаомӯзии Палос, ки аз соли 1996 ин ҷониб бекор хобида буд, аз сари нав таъмиру таҷдид гардида ба истифода дода шуд. Ректор афзуд, ки дар нимаи аввали соли равон дар ДДХ 4 конфронси ҷумҳуриявӣ ва 1 Симпозиуми байналмиллалӣ баргузор гардид. Ба мақсади афзун намудани хазинаи китобхона маркази ДДХ дар давраи ҳисоботӣ 1 600 номгӯй китоб харид намуд. «Алҳол Донишгоҳ бо 16 донишгоҳи кишварҳои хориҷии дуру наздик тибқи шартнома ҳамкорӣ менамояд. Моҳи марти соли равон бо як муассисаи таълимии олӣ — Донишгоҳи Кентукии ИМА оид ба ҳамкории академӣ шартнома баста шуд», — афзуд дар хотима ректори донишгоҳ.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Июль 26, 2011 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд
Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд
Имрӯз дар  Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд