Вохӯрии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори зиддии маводи муходир
Душанбе. 11 июл. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Аз 6 то 7 июли соли ҷорӣ Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров дар ҷаласаи даҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори муқобилат ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки дар шаҳри Ереван доир гардид, ширкат намуд. Дар кори ин ҷаласа Котиби Генералии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа иштирок дошт.Тавре аз АНМН ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ширкаткунандагони ҷаласа дар масъалаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва нақши Шӯрои мазкур дар ҳамоҳангсозии фаъолияти нерӯҳои зиддимухаддиротии минтақа дар ташкил ва рушди механизмҳои нерӯманди муқобилат ба таҳдиди интиқоли маводи мухаддира аз қаламрави Афғонистон, такмили минбаъдаи мубориза бо ҷиноятҳои трансмиллии вобаста ба маводи мухаддир табодули назар карданд. Унсури муҳим дар мавриди муқобилат ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҷмӯъи чорабиниҳо дар доираи амалиёти минтақавии “Канал” арзёбӣ шуд.Зикр гардид, ки тӯли фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори муқобилат ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар 15 зина амалиёти “Канал” баргузор шудааст. Дар ин амалиёт и лова ба давлатҳои узви СПАД мақомоти ҳифзи ҳуқуқи 23 кишвари Аврупо, Осиё ва Амрикои Шимолӣ ба ҳайси нозир иштирок доштанд.Тоҷикистон чун иштирокчии фаъоли амалиёти мазкур дар ин давра 1124 ҷиноятҳои мухаддиротиро ошкор намуд ва аз муомилоти ғайриқонунӣ 8986,616 грамм маводи нашъаовар забт намуд, ки ин 70% маводи мусодирашуда дар кишварҳои СПАД-ро ташкил медиҳад.Дар ҷараёни ҷаласа ширкаткунандагони он дурнамои рушди Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори муқобилат ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истифодаи нерӯҳо ва воситаҳои махсуси қувваҳои вокуниши сареъи СПАД дар чорабиниҳои зидди интиқоли маводи мухаддиротӣ ҳамчунин мубориза бо ҷиноятҳои трансмиллиро баррасӣ намуданд. Барои татбиқи лоиҳаи мазкур гурӯҳи муттаҳидаи воҳидҳои махсуси Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон истифода хоҳанд шуд.Ҳамчунин дар ин нишаст ҷараёни татбиқи чорабиниҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори муқобилат ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир барои соли 2011 дида баррасӣ шуда, нақшаи чорабиниҳои асосии гурӯҳи кории Шӯро оид ба масъалаҳои табодули ахбори захираҳо, ҳамкориҳо дар самти фаъолиятҳои ҷустуҷӯӣ фаврӣ тарбияи кадрҳо дар соли 2011 тасдиқ гардид.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид






