А.Ҳусайн: «Роҳҳо моро наздик ва қарин месозанд»

Август 25, 2011 09:42

То ҷое мусаллам аст, тӯли солҳои охир ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа, бахусус Ҷумҳурии Исломии Покистон беш аз пеш густариш меёбанд, ки ин аз иродаи сиёсии сарони ҳар ду кишвар дар роҳи таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстию бародарӣ шаҳодат медиҳад. Хусусан тайи солҳои охир ҳамкориҳои иқтисодии ҳар ду давлат беш аз пеш густариш ёфтааст. Танҳо дар соли 2010 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Покистон 20 миллион долларро ташкил дод. Инчунин баъди бунёд ва ба истифода дода шудани пули бузурги болои дарёи Омӯ дар минтақаи Панҷи Поён ва Шерхонбандари Афғонистон табодули мол байни ҳар ду кишвар бештар тақвият ёфт, ки бозгӯи рушди дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон аст. Дар робита ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои ҳар ду давлат ва дурнамои он бо Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Амҷад Ҳусайн Б. Сиал сӯҳбате анҷом додаем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони гиромӣ мегардонем:Ҷаноби Сафир, то ҷое мусаллам аст, имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи таҷлили 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад ва чанде қабл Ҷумҳурии Исломии Покистон 65-умин солгарди ҷашни миллии худро таҷлил намуд. Лутфан мегуфтед, ки мардуми Покистон ин санаи пурифтихори таърихӣ, яъне 65-умин солгарди Истиқлолияти давлатии худро бо кадом дастовардҳо ва дар кадом сатҳ ҷашн ва истиқбол гирифтанд? Имрӯз Покистон 65 сол дорад. Ҳафтод сол муққадам, ҳеҷ кас ҳатто тасаввур карда наметавонист, ки миллате бо хусусиятҳои хос арзи вуҷуд менамояд. Таҳти роҳбарии пайвастаи Қоид-и-Аъзам Муҳаммад Алӣ Ҷинноҳ мо қадамҳои устуворро барои ба даст овардани истиқлолият пеш гузошта, аз юғи мустамликадорӣ озод шудем. Имрӯз мо соҳиби давлати соҳибистиқлолем ва дар он мувофиқи арзишҳо, тамаддун, фарҳанг ва уруфу одати худ умр ба сар мебарем. Арзи вуҷуд доштани Покистон ин худ дастовардест барои халқи он. Покистон аз замони арзи вуҷуд намуданаш дорои ягон инфрасохтор, саноат ва дигар сохторҳои ҷамъиятӣ набуд. Покистон бо кӯшишу ғайрат ва хоҳиши роҳбарон ва миллати худ тавонист дар муддати кӯтоҳ мавқеашро дар ҷаҳон тавассути эътирофи қонун ва расму оин ишғол намояд. Покистон давлати демократии дорои иқтисоди устувор ва тавоноии пурқудрати ҳарбӣ мебошад. Ҳамаи ин дастовардҳо ба мардуми Покистон тавассути арзишҳои стратегӣ муяссар гаштаанд. Имрӯз Покистон дар бисёр созмонҳои байналмиллалӣ мавқеи муҳимро дорост. Саҳми Покистон дар нигоҳ доштани сулҳу субот ва амният шаҳодати он аст, ки мо нисбат ба ҳадафҳо ва принсипҳои Низомномаи Созмони Миллали Муттаҳид /СММ/ бетараф нестем. Беш аз 10.000 аскарони покистонӣ дар қатори қӯшунҳои СММ дар нуқоти мухталифи дунё адои хизмат мекунанд. Мо аз он мефахрем, ки ҳукумати демократӣ, ҳокимияти судии мустақил ва васоити ахбори озод ва устувор дорем. Дастовардҳои бешуморе ҳастанд, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди Покистон бо ҷидду ҷаҳди миллӣ ва рағбати ватандӯстӣ онҳоро пешвоз мегирад. Дар робита ба ҷашни Истиқлолияти миллии Покистон субҳи 14 август Сарвазири Покистон дар Исломобод парчами миллиро афрохта ва ба халқи худ муроҷиат намуд. Маросими бардоштани парчам дар тамоми намояндагиҳои дипломатии Покистон, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он, дар сохторҳои давлатӣ ва дар мақбараҳои пешвоёни бузург ва қаҳрамонони мо баргузор гардид. Суруди миллӣ ва дигар оҳангҳои ватандӯстона садо доданд. Мардуми Покистон дар рӯзи ҷашни миллӣ либоси миллӣ ба бар намуданд, тамоми ошхонаҳои кишвар аз таъми хуши хӯроки покистонӣ фарогир шуданд. Хонаводаҳо ба сайругашти идона баромаданд. Тамоми халқи Покистон барои сулҳу суббот, амният ва беҳбудии мардум дуо карданд. Дар давоми фаъолияти дипломатии хеш дар Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани муносибатҳои дипломатӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон кадом нақшаҳоро амалӣ гардонидан мехоҳед? Муносибатҳои сиёсии Покистон бо Тоҷикистон дар сатҳи олӣ қарор доранд. Мубодилаи ҳайатҳо дар сатҳи роҳбарият муносибатҳои бародаронаи моро боз ҳам беҳтар ва мустаҳкам намудаанд. Вазифаи ман иборат аз рӯҳи тоза бахшидан ба муносибатҳои дӯстонаи миёни ду давлат аст. Ман нақшаҳои зиёд дорам ва аллакай баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо кӯшиши зиёдеро ба харҷ дода истодаам. Аз ҳама нақшаи муҳим ин кушодани роҳи ҳавоӣ ва заминӣ миёни ду давлат мебошад. Ба фикри ман, то он даме, ки рафтуомад миёни халқ ва тоҷирон ба таври озод суръат нагирад, мо ба дастовардҳои зиёд муваффақ нахоҳем шуд. Тараққиёт ва беҳбудии ҳар як кишвар аз рушди иқтисодиёт вобастагӣ дорад. Ба фикри Шумо барои густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорати миёни Покистон ва Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бойи табииӣ истифоданашудаанд, чӣ бояд кард? Дар ду соли охир байни Тоҷикистону Покистон 3 Форуми тиҷоратӣ баргузор гардида, гардиши мол миёни ду давлат даҳ баробар афзоиш ёфтааст. Чанде пеш байни ширкати покистонии «Baig» ва «Тоҷиктекстил» -и Тоҷикистон ба маблағи 25 миллион евро созишнома ба имзо расид. Моҳи июли соли ҷорӣ ҳайати покистонӣ бо мақсади омӯхтани имкониятҳои сохтмони корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори 1 миллион тонна дар ноҳияи Данғара ва таҷҳизонидани корхонаи мавҷудбудаи сементбарории Тоҷикистон ба ин сарзамин ташриф оварданд. Зиёда аз 30 шаҳрванди покистонӣ аллакай ба таҷҳизонидани корхонаи «Тоҷиктекстил» машғуланд. Дар меҳмонхонаи тозабунёди «Душанбе- Серена», ки ба наздикӣ маросими ифтитоҳи он дар назар дошта шудааст, бисёр шаҳрвандони Покистон ба ҳайси менеҷер ва дар шӯъбаи кадрҳои меҳмонхона фаъолият карда, дар соҳаи туризми Тоҷикистон саҳм гузошта истодаанд. Ин ҳама нишондодҳои мусбат барои густариш ва тавсеаи муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ заминаи боэътимод мегузоранд. Кӯшишҳои роҳбарони ҳар ду давлати ба ҳам бародар барои таҳкими муносибатҳои дӯстона равона шудаанд, ки ин амал вазифаи ҳар як шаҳрванди Покистон ва Тоҷикистон мебошад. Ҳар шахс бояд мавқеи худро дар ин ҷода дошта бошад. Масалан, тоҷирон бояд дар намоишгоҳҳо иштирок кунанд, сармоягузорон дар омӯхтани имкониятхои бунёди корхонаҳои муштарак саҳм гузоранд, олимон, журналистон ва муҳаққикон бояд барои аз байн бурдани нофаҳмиҳо ва ба ҳам овардани халқи ду кишвар кӯшиш ба харҷ диҳанд, сайёҳон бар ивази ба давлатҳои дигар сафар кардан бояд аз мавзеъҳои зебо, ки атои Худованд ба ин ду сарзамин –Тоҷикистон ва Покистон мебошанд, дидан кунанд. Мо барои мусоидат кардан ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии миёни ду кишвар кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳем. Барои афзудани муносибатҳои байни доираҳои тоҷирон ва содда гардонидани низоми раводид барои тоҷирон пайваста ва ҷиддӣ сайъю кӯшиш мекунем. Тавсеаи роҳҳои ҳавоӣ, заминӣ ва роҳи оҳан ҳамкориҳои тиҷоратии моро боз ҳам густариш медиҳанд. Мо барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои мазкур содиқона талош меварзем. Ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ки ба наздики дар Душанбе баргузор шуд ба кадом натиҷаҳо ноил гардид? Бахусус дар мавриди ташкили корхонаҳои муштарак ва кушодашавии роҳи ҳавоӣ миёни Душанбе ва Исломобод? Ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Покистон заминаест, ки аз майлу рағбати Ҳукумати ҳар ду давлат барои ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни Покистон ва Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Дастовардҳоро наметавон дар як чаҳорчӯба ҷойгир намуд. Форумҳои тиҷоратӣ бо мақсади давом додани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун баргузор мегарданд. Вохӯрии чорум, ки 28 феврали соли ҷорӣ баргузор гардида буд, ба комёбиҳои бузург ноил гардид. Ҷаласаи мазкур густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ҳамкориҳоро дар соҳаҳои энергетика, саноат, сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштарак, бонкҳо, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, туризм ва мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддарро пешбинӣ менамояд. Ҳар ду ҷониб барои кушодашавии хатсайри мустақими миёни Душанбею Исломобод хавасманданд. Мо ҷиҳати ҳар чӣ зудтар кушодани хатсайри ҳавоӣ бо сохторҳои дахлдори Покистон ва Тоҷикистон гуфтушунид дорем ва дар ин самт пешниҳодҳои мухталифро омӯхта истодаем. Ман умедворам, ки хатсайри мустақим миёни мамлакатҳоямон ҳарчи зудтар кушода мешавад. Ҳангоми вохӯрии Вазири коммуникатсияи Покистон ҷаноби Арбоб Оламгирхон бо роҳбарони Тоҷикистон кадом масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд? Сафари ҷаноби Вазир ба Тоҷикистон дар соҳаҳои коммуникатсия ва нақлиёт чӣ натиҷа дод? Мақсади асосии ин сафар дар ҳамбастагӣ мусоидат кардан ба кушодашавии роҳ миёни Покистон ва Тоҷикистон буд. Мо барои кушодани роҳҳо тавассути гузаргоҳҳо, ки метавонанд давлатҳои Осиёи Марказиро бо бандарҳои Покистон пайваст намоянд, кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳем. Ҳамчунин, барои густариши бозори минтақавии шабакаи барқӣ, ки ба манфиати тамоми давлатҳои минтақа хоҳад буд, таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир менамоем. Сафари Вазири коммуникатсияи Покистон ба Точикистон бо муваффакият анчом ёфт. Мулоқоти вазир Арбоб Оламгирхон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим баргузор гардид. Инчунин, гуфтушуниди пурмазмуни ҳайатҳо бо вазири нақлиёт сурат гирифт. Бунёди роҳ миёни Читрали Покистон ва Ишкошими Тоҷикистон тавассути Афғонистон мавзуи асосии гуфтушунид буд. Ҷониби Покистон аллакай ширкати консалтингиро барои гузаронидани омӯзиш ва асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа даъват намудааст. Фикр мекунам, ки ин роҳ барои Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон хеле муҳим буда, метавонад роҳи кӯтоҳтаринро аз бандарҳои Покистон ба сӯи Тоҷикистон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ таъмин намояд. Чун ин роҳ барои Афғонистон имконияти транзитиро медиҳад, метавонад ба нафъи ин кишвар бошад. Масъалаи бунёди роҳи оҳан аз Чин то бандари Гвадари Покистон тавассути Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ман боварии комил дорам, ки амалӣ гардидани ин нақшаҳо ба рушди иҷтимоию иқтисодии тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард. Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар».

Август 25, 2011 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд