А. Караҷа: «Анҷумани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ барпо хоҳем намуд»

Август 26, 2011 14:59

Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-25 августи соли равон баъди маросими супоридани санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – «Пешвои асри XXI» Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷаро ба ҳузур пазируфт.Пас аз мулоқот Антон Караҷа ба хабарнигорони ВАО андешаҳояшро чунин баён дошт:«Бисёр ифтихорманд ва хурсанд аз он ҳастем, ки имрӯз ба мо имкон фароҳам омадааст то аз кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистон дидан намоем. Тоҷикистонро дар кишвари мо ва дар миқёси Аврупо ҳамчун кишваре, ки фарҳанги бой ва ғанӣ дорад, мешиносанд. Мо хуб медонем, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун нуқтаи пайвасти фарҳангӣ барои кишварҳои Осиё маҳсуб мешавад». Мавсуф афзуд, ки «Мардуми Тоҷикистон бо фарҳанги ғании худ тӯли ҳазорсолаҳои зиёд таъриху тамаддуни худро бунёд намудаанд ва дар минтақаи Осиё бо фарҳанги ғании худ машҳур гардидаанд. Аз давраи Искандари мақдунӣ, аз давраи зардуштӣ дар бораи Тоҷикистон ҳарфҳои таърихӣ гувоҳи ин ҳол ҳастанд ва бо ташрифи худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз аз он гардидем, ки мо ба мӯҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон паёми шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалиро ҷиҳати сарфароз гардонидани ҷаноби олӣ бо унвони олии ин мақомоти олии Иттиҳоди Аврупо, яъне «Пешвои асри XXI» тақдим намудем».Чунин қарор дар бораи сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Пешвои асри XXI» нимаи моҳи июли соли равон қарор шуда буд ва ин қарор ва ин чорабинии муқаддамотие, ки дар он ҷо баргузор гардид, бо иштироки муштараки намояндагони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссели шоҳигарии Белгия сурат гирифт. Далелҳои асосие, ки дар кори қабули қарор ҷиҳати сарфароз гардонидани Президенти мӯҳтарами кишвар ба инобат гирифта шудаанд, пеш аз ҳама рушди иқтисодии давлат, ҳимояи иҷтимоии мардумони Тоҷикистон ва саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори эъмори сулҳ ва наҷот додани мардуми кишвар аз вартаи ҷангу ҳалокати ҷанги шаҳрвандӣ мебошад, идома дод, Антон Караҷа . Президенти Тоҷикистон бо унвони олии сиёсию фарҳангии «Пешвои асри XXI» сарфароз гардид ва ин унвон ҷоизаи тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ҳамаи мо медонем, ки имрӯз дар арафаи ҷашни бузурги 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва тӯли ин 20 сол бисёр заҳматҳову талошҳою ибтикорҳо баҳри эъмори амнияти кишвар, субот, сулҳи комил ва рушди сиёсиву иқтисодию иҷтимоӣ пиёда шуданд. Зимни мулоқоту бисёр сӯҳбати пурмӯҳтаво бо мӯҳтарам ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон, мо инчунин дар бораи баъзе роҳҳои муассири таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмиллалӣ ин масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор додем. Зимни ин мулоқот мӯҳтарам ҷаноби Президент ҳамаи моро мутмаин сохтанд, ки Тоҷикистон минбаъд низ баҳри таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва равобити неки худ бо иттиҳоди Аврупо дар асоси ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарёрӣ кӯшиш хоҳад кард. Мо инчунин ба хотири расидан ба ин ҳадаф нақшаи тадбирҳоро омода карда истодаем, ки то минбаъд ҷиҳати иштирок дар маросиму чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ дар Тоҷикистон академикҳо ва аъзои пешқадами Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ иштирок намоянд. Инчунин ба хотири боз ҳам наздик кардану таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамдигарфаҳмии бештар ва рафоқат байни мардумони Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо саҳми арзанда хоҳад гузошт. Мо мавзӯи дигареро дар бораи тасмимгириҳои мо дар ҷиҳати ташкили чорабиниҳои махсус дар даҳаи аввали моҳи октябри соли равон ба унвони Тоҷикистон дар қалби шоҳроҳи абрешим муҳокима намудем. Ба хотири таҳким бахшидан ба табодули бештари тиҷоративу иқтисодӣ баҳори соли 2012 мо як анҷумани ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодиро низ барпо хоҳем намуд. Ҷиҳати пайгирии рушди минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангии академикӣ байни Тоҷикистон ва Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ мӯҳтарам ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон аз мо даъват ба амал оварданд то дар чорабинии мӯҳташами Наврӯзи байналмилалӣ, ки моҳи марти соли 2012 дар Душанбе баргузор мегардад, ширкат варзем.Ин мулоқоту гуфтушунидҳои пурмӯҳтаво бори дигар ҳамраъйӣ ва тасмимгириҳову омодагии моро ҷиҳати минбаъд боз ҳам густариш додани ҳамкориҳову робитаҳои ҳасанаи байни мардумони Чумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо таъкид сохт. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, бори дигар барои лутфу эҳтироми бепоёни ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипоси самимӣ менамоям ва барои ҳамаи мардумоне, ки дар ин ҷо, дар ин иқдом, дар ин чорабинӣ бо мо буданд, изҳори минатдорӣ менамоям. Ва ҳамаи онҳоро бо ин чорабинии бузург табрику таҳният мегӯям,-гуфт дар хотима Антон Караҷа.

Август 26, 2011 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад