Азнавсозӣ дар бозор

Август 22, 2011 15:50

Ҳамадонӣ, 22 август. (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Бозори марказии ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ давоми солҳои 2011 – 2012 азнавсозӣ гардида, дар он мағозаҳои замонавӣ ва дӯконҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум сохта ба истифода дода мешавад. Директори бозор Асадулло Абдуллоев дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, ки мувофиқи лоиҳа бозор барои 800 ҷойи нишаст сохта шуда, бо шароити лозимӣ таъмин мешавад.То имрӯз дар 68 мағозаю дӯкон сохтмон ҷараён дорад. Инчунин аз даромади бозор то ҷашни 20 — солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ 1 нонвойхона, 2 дӯкони гӯштфурӯшӣ ва 1 дӯкони фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба истифода дода шуда, беш аз 90 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Август 22, 2011 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст