Боздиди Э Раҳмон аз корхонаи «Баракат»

Август 4, 2011 16:06

Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тавре иттилоъ дода будем, сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд идома дорад.Нимаи дуюми рӯзи 4-уми август Сарвари давлат ба шаҳри Исфара ташриф оварда, аз корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия – «Баракат», ки самти асосии фаъолияташ коркарду бастабандии меваи хушк мебошад, дидан намуд.Корхонаи мазкур соли 2009 ба фаъолият шурӯъ намуда, дар майдони зиёда аз 850 метри мураббаъ ҷойгир аст.Дар ноҳия давоми солҳои истиқлолият майдони боғу токзор 1400 гектар зиёд шуда, ҳамасола истеҳсол ва содироти бефосилаи меваи хушк ба хориҷи кишвар таъмин шуда истодааст. Агар соли 2010 аз шаҳри Исфара наздики 38 ҳазор тонна мева ва маҳсулоти коркарди он содирот шуда бошад, пас танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 20 ҳазор тонна меваи гуногун, аз ҷумла зардолую меваҳои хушк ба маблағи 38 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар бароварда шуд, ки ин қариб 60 фоизи содироти меваи вилоятро ташкил медиҳад.Айни ҳол корхонаи «Баракат» бо корхонаи қаннодии «Богородская» — Русия шартномаи ҳамкорӣ имзо намуда ният дорад, ки содироти ҳосили боғоти Тоҷикистонро ҳамчунин ба кишварҳои Аврупо ба роҳ монад. Соли 2010 корхонаи «Баракат» 1 400 тонна меваи хушкро коркард ва содирот намудааст. Корхона бо иқтидори имрӯза метавонад зиёда аз 1500 тона меваи хушкро бо сифати баланди мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ коркарду бастабандӣ намояд.Роҳбарияти корхона як қатор нақшаҳои дигар низ доранд. Бунёди корхонаи коркарди меваи тару тоза ва истеҳсоли қандҳои шоколадӣ аз нақшаҳои наздиктарини ояндаи онҳо мебошад.Дар ин корхона зиёда аз 110 нафар коргарон ва мутахассисон соҳиби ҷойи кор шудаанд. Маоши миёнаи онҳо 350 сомонӣ аст. Роҳбарияти корхона бо ҳидояти Сарвари давлат ӯҳдадор шуданд, ки ба истиқболи 20 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маоши миёнаи коргаронро аз моҳи сентябри соли равон як баробар зиёд намуда, ба 700 сомонӣ расонанд. Президенти кишвар зимни боздид зикр намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолият ба фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатии кишвар, аз ҷумла корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати эҳё, тараққӣ додан ва дигаргунсозии истеҳсолоти ватанӣ пайваста чораҷӯӣ менамояд.Мақсади асосии татбиқи чорабиниҳо доир ба рушди саноати Исфара таъмини истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷуда, тағйири сохтори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ, ташкили корхонаҳои нав, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти бинокорӣ, коркарди пурраи маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Август 4, 2011 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд