Боздиди Э.Раҳмон аз ноҳияи Муъминобод

Август 9, 2011 08:49

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рўзи, 8 август сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод идома ёфт.Дар ин ноҳия Президенти кишвар нахуст бо фаъолияти корхонаи парандапарварӣ аз наздик шинос шуд.Зимни боздиди Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки чўҷаҳои гўштии ин корхона дар 45 рўз 2- 2,5 кг вазн гирифта, барои забҳ омода мешаванд. ҳоло дар корхона 13800 сар мурѓи гўштӣ барои забҳ омода аст ва ҳар рўз аз ин ҷо аз 800 то 1000 мурѓ ё худ 2 тонна гўшти парҳезии паранда ба бозор пешниҳод мегардад. Дар як моҳ 20 тонна гўшт ба бозор меравад, ки баробар ба вазни сад сар чорвои шохдори калон аст. Аз ин хотир, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки бо зиёд кардани саршумори парандаи гўштӣ метавон ба коҳиш додани забҳи чорво ва афзун намудани шумораи он мусоидат кард.Месазад таъкид намуд, ки ба туфайли обу ҳавои мусоиди ноҳияи Муъминобод, чўҷаҳои гўштии ин корхона дар як шабонарўз то 150 гармм вазн мегиранд, ҳол он, ки нишондоди миёнаи вазнгирии шабонарўзии паранда дар ҷаҳон 80 грамм аст.Ғайр аз ин 7,5 ҳазор чўҷа парвариш меёбад. Ба иттилои роҳбарияти корхона, дар дастгоҳи чўҷабарорӣ ё худ инкубатори он 63500 дона тухм гузошта мешавад ва аз 90 фоизи он чўҷа мебарояд. Аҳли заҳмати корхона 8 мурѓхонаро пурра тармиму омода карда, азм доранд, ки саршумори парандаро ба 150 ҳазор сар расонанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ шудани ин ҳадаф ба масъулин супориш дод, ки ба ин корхона заминҳои иловагӣ ва қарзи бонкии имтиёзнок ҷудо намоянд. Дар ин корхона 62 нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштаанд. Роҳбари корхона бо ҳидояти Сарвари давлат ўҳдадор шуд, ки ба ифтихори ҷашни 20 – умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба маоши коргарон 150 сомонӣ илова кунад.Дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як сардхонаи бузург, ки барои нигоҳдории 1000 тонна гўшт ва меваю сабзавот пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Дар маркази ноҳияи Муъминобод Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ин ноҳияи кўҳистон мулоқот намуда, ба суолу дархостҳои онҳо посух гуфт ва ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои рафъи як қатор мушкилу монеаҳо супоришҳои мушаххас дод.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 9, 2011 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд