Ду низомии мусаллаҳ кӣҳо буданд?

Август 22, 2011 12:12

Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — 21 августи соли ҷорӣ 2-нафар шахси номаълуми дар тан либоси низомӣ дошта ва бо яроқи оташфишон мусаллаҳ ба назди ҳавлии истиқоматии сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов М. Худойбердиев омада, ба тарафи хонаи ӯ якчанд тир холӣ менамоянд. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев ҷинояткорон баъди тирпаронӣ аз бордони автомашинаи М.Ш. Худойбердиев ҷавоҳироти заргариро ба маблағи 485 ҳазор сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Дар натиҷаи тирпанронӣ писари Худойбердиев аз дасти росташ тир хӯрда, дар беморхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов бистарӣ шудааст. Барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон тафтишот идома дорад.

Август 22, 2011 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст