Э. Раҳмон: «Аз обу замин самаранок истифода намоед»
Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз зимни сафари кории худ дар шаҳри Истаравшан Президенти мамлакат аз як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуд.Сарвари Давлат нахуст дар хоҷагии деҳқонии Пошкенти ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Исфара бо кори зироаткорону боғдорон шинос шуда, бо аҳли заҳмат сӯҳбати ҷолиб анҷом дод.Тавре зикр гардид, аз 454 гектар замини хоҷагӣ 168 гектараш обӣ буда, аҳли заҳмат, ки шумораашон 598 нафар аст, асосан ба боғу токпарварӣ, парвариши картошка, сабзавоту полезӣ ва чорводорӣ машғуланд.Иттилоъ дода шуд, ки тибқи супоришҳои Сарвари Давлат дар 45 гектар замини обӣ кишти такрорӣ ба роҳ монда шуда, ҳосили фаровон рӯёнидаанд. Деҳқонони хоҷагӣ умед доранд аз ҳар гектар замини пиёз 350 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намоянд. Сабзӣ ва картошкаи кишти такрорӣ низ ҳосили фаровон дорад. Майдони кишти сабзӣ дар шаҳри Истаравшан бо назардошти афзоиши талабот ба ин намуди сабзавот ба 450 гектар расонида шуд.Умуман, истеҳсолоти кишоварзӣ дар давраи истиқлолият мунтазам афзоиш ёфта, соли гузашта хоҷагиҳои кишоварзӣ дурнамои истеҳсоли ҳамаи намудҳои маҳсулоти кишоварзиро иҷро намуданд. Дар натиҷа кишоварзон 35 ҳазор тонна ғалла, 52 ҳазор тонна сабзавот, 35 ҳазор тонна картошка ва 18 ҳазор тонна ангур ба даст оварда, иҷрои нишондиҳандаи истеҳсолиро барзиёд таъмин намуданд. Дар раванди таҷдиди корхонаҳои кишоварзӣ 1 440 хоҷагии деҳқонӣ, коллективӣ ва инфиродӣ ташкил гардида, ба онҳо зиёда аз 60 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 16 ҳазор гектар замини обӣ вобаста карда шудааст, ки 88 фоизи заминҳои кишоварзии шаҳрро ташкил медиҳад. Дар хоҷагии деҳқонии «Вогат» Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ибратбахши токпарварони он аз наздик шинос шуд.Кишоварзони хоҷагӣ дар 200 гектар токзор бунёд намуданд, ки дар он ангури навъҳои кишмиши сиёҳ ва сафед, тоифӣ, ҳусайнӣ, чилрӯза, тагобӣ ва калондона парвариш меёбад.Дар асоси «Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур, парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010» хоҷагиҳои кишоварзӣ дар чор соли охир 1 115 гектар боғу токзори нав бунёд кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 435 гектар ё 165 фоиз зиёд мебошад. Баъди се-чор сол ин боғҳои навбунёд ба ҳосил даромада, даромади зиёд меоранд ва ҳазорон нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекунанд.Тибқи иттилои роҳбарияти хоҷагӣ, имсол аз ин ҷо 350 ҳазор бех қаламчаи ангур ба фурӯш бароварда шуд. Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки ҳар сол на кам аз 1 миллион қаламча омода созанд ва таъкид дошт, ки талабот ба он дар бозор калон аст.Тавре аз сӯҳбатҳо бо Сарвари Давлат аён гардид, саҳмдорони хоҷагӣ, ки шумораашон зиёда аз 600 нафар аст, ҳар яке 49 садяк замини обӣ ва ё 51 садяк замини лалмӣ дар ихтиёр доранд ва эҳтиёҷоти рӯзгори худро аз ҳамин миқдор замин пурра таъмин менамоянд. Зироаткорони хоҷагӣ истифодаи босамари заминҳои обӣ, аз ҷумла истифодаи замин тавассути кишти такрориро хуб ба роҳ монда, ҳосили фаровони лӯбиё, ҷуворимакка, шалғам ва карам рӯёниданд.Кишоварзони заҳматпешаи Истаравшан то имрӯз дар майдони 3 500 гектар кишти такрорӣ гузаронида, дурнаморо пурра иҷро намудаанд. Ҳамзамон бо ин, барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришаванда ҳашт адад чоҳҳои обкашии нав ба истифода дода шуда, ҳолати истифодабарии 170 гектар замин беҳтар шуда, 100 гектар заминҳои боир ба гардиши кишоварзӣ ворид шудаанд. Дар мулоқоту суханрониҳои худ Президенти кишвар таъкид намуд, ки «ҳар як оилаи тоҷик бояд захираи дусолаи маводи ғизоӣ дошта бошад ва барои ин бояд дар сар то сари мамлакат аз обу замин, хусусан заминҳои обӣ самаранок истифода намуда, ба кишти такрорӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намоем, зеро ин омили муҳимтарини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, фаровонии дастурхони мардум ва пешгирӣ кардани болоравии нархҳо дар бозори истеъмолӣ мебошад».








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






