«Элегант» cӯхт !
Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 8 август дар маҷмааи савдои «Элегант», яке аз бузургтарин мағозаи либосфурӯшии бозори «Корвон» -и пойтахт сӯхтор ба амал омад.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз раёсати Хадамоти зиддисӯхтории ВКД ҶТ хабар доданд, аз ин ҳодиса онҳо тахминан соати 7-и субҳ хабардор шуданд. Айни ҳол дар ҷойи ҳодиса 4 даста ба сӯхторхомӯшкунӣ машғул аст. «Иттилои муфассал пас аз чанд соат, баъди пурра хомӯш намудани оташ, пешниҳод мешавад», — зикр намуд манбаъ.