Гуфтугӯи Сафир дар «Оғоз»
Душанбе, 24 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Оғоз»- маҷаллаи иттилоотию таҳлилии минтақаи озоди тиҷоратӣ, саноатӣ ва иқтисодии Эрон дар шумораи 34-уми худ мусоҳибаи хабарнигорашро бо Давлаталӣ Ҳотамов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти унвони «Равобити Тоҷикистон ва Эрон дар ҳавзаи гардишгарӣ афзоиш меёбад» чоп намуд.Дар мусоҳиба хабарнигори маҷалла дар бахши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон, соҳаҳои рушди туризм дар Тоҷикистон ва дастовардҳои 20 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дипломати тоҷик пурсон шуда, посухҳои муфассалу муфид гирифтааст.Давлаталӣ Ҳотамов аз ҷумла гуфтааст, ки алҳол 70 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ки ин далели густариши ҳамкориҳои ду кишвари дӯст мебошад. Дипломати тоҷик зимни мусоҳиба ҳамзамон афзудааст, ки «ман аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъул шудаам то равобити ду давлатро дар бахши туризм густариш диҳам». Инчунин, сафир гуфтааст, ки дар оянда бо мусоид гардидани шароит мо имкон дорем хати парвозро байни Теҳрон ва Хуҷанд ба роҳ монем. Сафири Тоҷикистон ҳамзамон аз дастовардҳои бесобиқаи Тоҷикистон дар зарфи 20-соли Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шудааст.Тибқи иттилои Шоҳмансури Шоҳмирзо, намояндаи Тоҷикистон дар муассисаи фарҳангии ЭКО, маҷаллаи «Оғоз» нашароти Маркази умири минтақаи озоди тиҷоратӣ ва саноатию иқтисодии Эрон буда, ҳар ду ҳафта бо забонҳои форсӣ ва англисӣ ба сурати ранга дар 64 саҳифа нашр мегардад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






