Хизматрасониҳо дар хона-интернатҳо
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар»,Заррина Саидова).- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи зиндагии пиронсолону маъюбон ва шахсони ниёзманд муассисаҳои табобатӣ ва хона-интернатҳоро мавриди бахрабардорӣ қарор додааст.Хона-интернати ҷумҳуриявии пиронсолону маъюбони шаҳри Вахдат, хона-интернати ноҳияи Ёвон, хона-интернати маъюбон ва кӯдакони ноқисулақли шаҳри Панҷакент, санаторияи профилактикии собиқадорони ҷанг ва меҳнати Янчуни ноҳияи Ишкошим, Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии муоина ва барқарорсозии қобилияти кори маъюбон аз ин ҷумлаанд.